5 сол ҳабс барои шикори ғайриқонунии озодпаланг

Мавсими шикор дар кишвар оғоз шудааст, вале мегӯянд, ки шикори бабри барфӣ дигар иҷозат нест. Ҳол он ки, шикорчиёни хориҷӣ ба ин ҳайвони нодир таваҷҷуҳ доранд. Мехоҳам ба ин масъала равшнаӣ андозед.

САЙФИДДИН, ноҳияи Рашт

— Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишварро қабул намуд, ки ҷазо барои шикори ғайриқонунии бабри барфиро сангинтар мекунад. Дар ин бора узви Маҷлиси миллӣ Дилшод Раҳмон зимни ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон хабар дод.

Ба иттилои ӯ, тағйироти мазкур ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати кишвар пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагон аллакай онро қабул намудааст.

Вай таъкид кард, ки мақсади қонун такмили ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ мебошад.

Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 232, замимаи 1 ворид гардид, ки тибқи қисми аввали он шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 2 соли корҳои ислоҳӣ ё то 3 соли маҳрумият аз озодӣ дар пай дорад.

Қисми 2-и моддаи ҷадид муқаррар кардааст, ки агар ин кирдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гуруҳи муташаккил дар ҳудуди мамнуъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи экологӣ содир шуда бошад, ҷазо боз сангинтар мешавад.

Таъкид гардидаст, ки дар ин ҳолат нисбати шахси дастандаркор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 1,5 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо метавонад татбиқ гардад.

Маврид ба зикр аст, ки феълан як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 64 сомонӣ мебошад.

Инчунин, иловаҳои ҷадид маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян то 5 солро муқаррар кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *