Боздошти хонандагони авбош дар шаҳри Душанбе

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти гуруҳи хонандагоне хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе даст ба авбошӣ задаанд.

Бояд гуфт, шоми 25-уми декабри соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардида буд, ки дар он муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як нафар ноболиғ аз ҷониби гуруҳи наврасон инъикос ёфтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҳолати ҷинояти мазкур пурра муайян карда шуда, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудаанд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дақиқа дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.

— Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №77, №78 ва №57, ки бо ҳамдигар рафиқанд, бо маслиҳати пешакӣ як нафар хонандаи синфи 8-уми МТМУ №5-ро мавриди латукӯби шадид қарор дода, ҳамзамон ҳолати авбошии худро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *