Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон довталаб меҷӯяд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабон ба Донишгоҳи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Белорус барои солҳои таҳсили 2023-2024 озмун эълон кардааст.

Бино ба иттилои КҲФ, нафарон, ки пазируфта мешаванд, бо ҷойи истиқомати ройгон дар хобгоҳ таъмин мегарданд. Онҳо ҳамчунин дар давоми таҳсил бо идрорпулӣ (стипендия) ба андозае, ки қонунгузориҳои Ҷумҳурии Белорус барои донишҷӯён пешбинӣ кардааст, таъмин карда мешаванд.

Номзадҳо аз натиҷаи имтиҳонот аз фанни забони русӣ ва меъёрҳои омодагиҳои ҷисмонӣ қабул карда хоҳанд шуд. Муҳлати омӯзиш 4 сол буда, хатмкардагон соҳиби тахассуси “Бакалавр” ва рутбаи ҳарбии “лейтенант” мешаванд. Шакли таҳсил рӯзона. Курсантҳо танҳо роҳкирои расидан то макони таҳсилро мепардозанд. Шарти ягона он аст, ки курсантҳо баъди хатми донишгоҳ барои идомаи фаъолият дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ватан баргарданд,- меафзояд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, хоҳишмандон барои ширкат дар озмун бояд то 20-уми моҳи августи соли 2023 аризаи худро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ супоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *