Маоши муҳоҷирони сохтмончӣ зиёд мешавад?

Ба далели поин рафтани қурби рубл шояд теъдоди муҳоҷирон дар Русия кам шавад.

Дар ин бора Ассотсиатсияи миллии бинокорони Русия хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар сохтмонҳо қувваи коргарӣ каму беш мерасад, вале баъди ду-се моҳ нарасидани он аз эҳтимол дур нест.

Коршиносон мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз нарасидани кадр, корфармоён маҷбуранд маоши муҳоҷиронро боло бардоранд. Дар акси ҳол, онҳо корро бас мекунанд ва ба кишварҳои дигар мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *