Футболбозони Куриёи Шимолӣ ба Душанбе намеоянд

Дастаи мунтахаби олимпии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Куриё (U-23) аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I», ки аз 6 то 12-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даст кашид.

Дар робита ба ширкат накардани мунтахаби олимпии Куриёи Шимолӣ дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳоро дар гурӯҳи «I», ки дар он се даста — Австралия, Тоҷикистон ва Лаос бозӣ мекунанд, тағйир дод. Бозиҳои интихобӣ аз 6 то 12-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Марҳилаи интихобӣ дар Душанбе 6-уми сентябр бо бозии дастаҳои олимпии Лаос ва Австралия оғоз мегардад. Дар даври дуюм, 9-уми сентябр тими олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ мекунад. Дар даври ниҳоӣ, 12-уми сентябр тимҳои Тоҷикистон ва Австралия бо ҳам вомехўранд.

Бар асоси натоиҷи даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *