Кумитаи бехатарии озуқавори: Тухмҳои Ӯзбекистон бесифат нестанд!
«Дар нимсолаи аввали соли 2018 зиёда 57 ҳазозор дона тухми паррандаро аз фуруш боздоштем»- иброз намуд Фарҳод Камолзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ қайд намуд, ки ба Тоҷикистон дар нимсолаи сипаригардида 1361,3 тонна тухми парранда аз кишварҳои Қазоқистон, Руссия ва Узбекистон ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2095 тонна кам мебошад. Комилзода гуфт, ки ин бо сабаби зиёд истеҳсол намудани тухми паранда дар корхонаҳои ватанӣ маҳсуб меёбад. Ӯ овозаҳо дар бораи бесифат будани тухми паррандае, ки аз Ӯзбекистон ворид мегардад, комилан рад намуд ва гуфт, ки воридоти тухм аз ин кишвар ба маротиб афзудааст.
Инчунин Комилзода зикр намуд, ки то Иди Қурбон забҳхонаҳо махсусан дар пойтахт зиёд мешавад, ва забҳи чорво берун аз чунин маконҳо манъ карда мешавад.
Ӯ ироа намуд, ки аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои кумитаи мазкур дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ беш аз 470 ташхис гузаронида шуда, қариб 7 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 1 ҳазору 963 литр маҳсулоти ширӣ, беш аз 57 ҳазор дона тухми паранда, зиёда аз 26 ҳазор кг меваю сабзавот, 65 кг моҳӣ, 815 кг маҳсулоти намакин, 315 литр равғани растанӣ ва 26 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян гардида, аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 дар заминаи чор мақомоти давлатӣ –Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Самти фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ