Толеъномаи 18 июли соли 2018
Ҳамал
Дар ин рӯз коре карда наметавонед, зеро фикру хаёлатон ба дӯстдоштаатон банд аст. Ба коре, ки баъдан боиси шармандагиятон мешавад, даст назанед. Тамоми қувваи худро барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ сарф намоед. Бегоҳӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст, вале бо мошини шахсӣ наравед.
Савр
Дар ин рӯз саврҳо бояд аз корҳои шубҳаноку робита бо нафарони тасодуфӣ худдорӣ намоянд. Аз нафаре, ки қаблан муносибатҳои наздик доштед, ҷудо шудан амри маҳол мегардад. Худро ба даст гиред, аз вазъияти ногувор бо сари баланд бароед. Бегоҳирӯзӣ аз коре ки пешниҳодатон месозанд, рад накунед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед. Хусусан агар мушкили иқтисодии худро мустақилона ҳал карда натавонед. Даромади пулии хеле кам ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон аз қарори қатъии шумо чӣ гуна сурат гирифтани ояндаатон вобастагӣ дорад.
Саратон
Ҷасурона аз пайи амалӣ сохтани мушкилиҳои касбӣ гардед. Дар ҷойи кор нафаре аз рӯятон шикоят карда, тафтишҳои ногаҳонӣ мешаванд. Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам, ҷашну маъракаҳо дурӣ ҷӯед. Беҳтараш рӯзро бо наздикон гузаронед.
Асад
Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, вазъиятро дӯсти наздикатон рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.
Сунбула
Фаъолияти сунбулаҳои олим ва тадқиқотчиён бобарор ҷорӣ гашта, кори ақлонӣ ба фоида буда, натиҷаи хуб медиҳад. Агар имкон дошта бошед, истироҳат кунед. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи мусоид нест, вале барои амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ бобарор аст.
Мизон
Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, метавонад маблағатонро дучанд гардонад. Андешаи худро ба касе нагуфта мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.
Ақраб
Дар ин рӯз яке аз ҳамкорон ба хотири аз худ намудани вазифа бо шумо рақобат сар мекунад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан душвор мешавад. Дар оила бо ҳамсаратон муноқиша имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Қавс
Хабарҳои аз роҳи дур расида аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонад. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон бо хости дили худ амал намоед. Бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтед, пайғоми хуш мешунавед.
Ҷаддӣ
Бо вуҷуди маоши хуб гирифтанатон пулро зиёд сарф накунед. Барои хонаву таҳсили фарзандон маблағи зиёд лозим мешавад. Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, тиҷорати муштаракро ба роҳ мемонед. Бегоҳирӯзӣ бо дӯстон ба сауна ва зали варзишӣ рафтан хуб аст.
Далв
Ҳангоми робита бо наздикон бодиққат бошеду ваъдаҳои ҳавоӣ надиҳед. Агар баногаҳ нафареро ранҷонед, муддати мадид бо шумо қаҳрӣ мегардад. Бо шарофати хонуми воломақоме нақшаҳои зиёдатон ҷомаи амал мепӯшанд. Ин бону кӯмаки пулӣ низ мерасонад.
Ҳут
Муваффақият барору ҳамсафари ҳутҳое мегардад, ки қаблан тамоми корҳои худро ба нақша гирифта буданд. Бо қувваи дучанд аз уҳдаи тамоми корҳоятон мебароед. Нафаре кайҳо интизори изҳори муҳаббати шумо аст. Либосеро, ки бегоҳи ин рӯз харидорӣ мекунед, бобаракат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ