Кумитаи рушди маҳал дар Шуғнон

10 октябр дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Қосим Роҳбар баргузор гардид.

10 октябр дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Қосим Роҳбар баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳал ба хабарнигори “Тоҷикистон таймс” иттилоъ доданд, гурӯҳи сайёри Кумита дар ҷамъбасти ҳар семоҳа аз шаҳру ноҳияҳо дидан менамояд. Қаблан чунин ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумита дар ноҳияи Варзоб доир гардида буд.

Ин дафъа гуруҳи мазкур таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар ба ноҳияи Шуғнон сафар намуд. Зимни сафари мазкур аъзои ҳайат бо ҷараёни ободонию бунёдкорӣ дар шаҳраку ҷамоатҳои ин ноҳия шинос шуданд. Ҳамзамон дар ноҳия озмуни «Шаҳрак ва ноҳияи беҳтарин» ва семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар рафти ҷаласаи мушовара такмили низоми идораи маҳаллӣ дар асоси натиҷаи омӯзиши ҷараёни татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар ноҳияи Шуғнон мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Мақсад аз боздид аз ноҳияи Шуғнонро гурӯҳи сайёри Кумита муҳайё на мудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони мамлакат арзёбӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *