Кумитаи забон: Пешниҳоди хулоса ба 703 муроҷиат барои номгузории фарзанд
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ба 703 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намудааст.
Дар ин бора раиси кумитаи мазкур Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин теъдод 44 муроҷиат аз ҷониби ақаллиятҳои миллӣ буда, ба 189 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ ва ба 470 муроҷиаткунанда хулосаи рад дода шудааст. Тавре зикр гардид, теъдоди ишорашуда назар ба нимсолаи якуми соли 2021-ум 178 муроҷиат зиёд будааст.
Ҳамзамон, кумита ба 21 номи маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод намуда, ба 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ тавзеҳнома навишта шуда, ба мақомоти дахлдор барои корбарӣ ва таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардидааст.
Дар ин давра аз ҷониби Кумита ба 70 адад санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 13 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ