Оилаи Ниёзовҳо дар ноҳияи Айнӣ бунгоҳи тиббиро сохта, ба истифода доданд

Дар  деҳаи Ремони ҷамоати деҳоти Анзоб як бунгоҳи тиббӣ бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода ва дигар масъулин мавриди истифода қарор гирифт.

Бунгоҳи тиббӣ аз ҷониби оилаи Ниёзовҳо бунёд гардида, иборат аз чор ҳуҷраи корӣ мебошад, ки дар он 5 нафар кормандон ба кор ҷалб карда мешаванд.

Бунгоҳи тиббӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои тиббии замонавӣ,  аз қабили ултрасадои рақамӣ, дастгоҳи ЭКГ (12 канала), кардиомонитор, кондитсионер, яхдон, мизи махсус барои ҷарроҳӣ, мизи генекологӣ ва дигар таҷҳизот барои утоқҳои корӣ таъмин карда шуд. Дар рӯзи ифтитоҳ, дар бунгоҳ як нафар кӯдакро хатна намуданд, ки ин боиси фараҳмандии аҳли деҳа гардид.

Ба як нафар навзод, ки падараш дар сафи Артиши миллӣ қарор дорад, аз ҷониби МИҲД-и ноҳия ароба-гаҳвора(коляска) тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *