Кумитаи забон Судайс, Мория ва Миланаро рад кард

Гавҳар Шарофзода, раиси кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотии кумитаи мазкур қайд кард, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 68 номро барои номгузории шаҳрвандон рад кардааст.

-Соли равон 128 муроҷиат аз ҷониби  шаҳрвандон дар мавриди номгузорӣ ба мо ворид шуд, ки ба 60-тои он посухи мусбат ва ба 68 -тояш ҷавоби рад дода шуд. Миёни номҳои радшуда Эргашалӣ, Ясмина, Ясира, Севинч, Милана, Судайс ва Мория барин номҳо буданд, — гуфт Шарофзода.

Аммо хонум Шарофзода қайд кард, ки ин гуна меъёри номгузорӣ фақат ба тоҷикон таалуқ дошта, ақалиятҳои миллии дар кишвар зиндагимекарда метавонанд аз хазинаи забони худашон фарзандонашонро намгузорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *