Кушта шудани 3 рӯзноманигори рус дар Африқо

Дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (ҶАМ) рӯзноманигор Орхан Ҷамол, наворбардор Кирилл Радченко ва коргардон Александр Роторгуев ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора телевизиони «Дожд» бо истинод ба манобеи худ дар тарҳи «Маркази идораи таҳқиқотҳо» иттилоъ дод. Рӯзноманигорон дар бораи кори ширкати хусусии низомии «Вагнер» филми мустанад таҳия мекарданд.

Ҳалокати Орхан Ҷамолро дар суҳбат бо Би-би-сӣ сармуҳаррири Маркази идораи таҳқиқотҳо Андрей Коняхин ва дусти рӯзноманигор Максим Шевченко тасдиқ карданд. Коняхин ба РБК гуфт, рӯзноманигорон субҳи 28 июл вориди ҶАМ шуданд. «Бори охир мо бо онҳо шаби 26 июл тамос гирифта будем. Аз ҷузъиёти ҳодисае, ки онҷо рух додааст, хабар надорем», — изҳор дошт Коняхин.

Як манбаи дигар гуфт, шаҳрвандони Русияро дар постгоҳе боздоштаанд. Онҳо аз пойтахт, шаҳри Бангӣ мехостанд, ба минтақаи дигар раванд. Бо онҳо чи рух додааст, дақиқ нест. Ҷасади кушташудаҳо муайян шудааст.

Вазорати умури хориҷии Русия низ ҳалокати рӯзноманигорони ин кишварро дар ҶАМ расман эълом кард. Ҷасадҳои онҳо ба Бангӣ интиқол ёфт.

Ба огаҳии вазорат, сафорати Русия дар ҶАМ аз сафари рӯзноманигорон ба ин кишвар огаҳ набудааст. Кормандони сафорат барои муайян кардани сабабҳои куштори рӯзноманигорони рус ва интиқоли ҷасади онҳо ба ватан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ пайваста дар тамосанд.

Ба иттилои AFP, ҷасади ҳалокшудаҳоро дар 23-киометрии шаҳри Сибут пайдо карданд. Ба иттилои хабаргузорӣ, шаҳрвандони Русияро афроди мусаллаҳи номаълум куштанд. Ду тани онҳо аз нашрияи русии «Известия» санад доштанд. Вале нашрия хабар дод, ки ягон коргари он дар ҶАМ набуд.

Низоъ дар ҶАМ соли 2013, баъд аз сарнагун кардани ҳукумати президент Франсуа Бозизе баргашт. Вориси ӯ Фаустин-Армене Туадера танҳо пойтахт ва минтақаҳои атрофи онро идора мекунад. Дар ҶАМ маъмурияти посдорони сулҳи СММ — 13 ҳазор одам ҷойгир карда шудаанд. Бештари қисматҳои ин кишварро 15 гуруҳ миёни ҳам тақсим мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *