Курси такмили ихтисоси «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» ҷамъбаст шуд

Бино ба иттилои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” барои мутахассисони шуъбаҳо (бахшҳо)-и кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷамъбасти курс Дилноза Аҳмадзода — муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Ибодат Ғанӣ ва муовини Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Қодиров Зоҳир иштирок ва суханронӣ намудаанд.

— Зикр гардид, ки пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон буда, масъалаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеаи имрӯза мебошад. Нақши масъулони шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ дар ҳалли масъалаи мазкур хеле назаррас буда, баргузории чунин курсҳои омӯзишӣ малакаи кор ва сатҳи касбияти онҳоро боз ҳам баланд бардошта, ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб мусоидат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *