Дар Душанбе Ҷоми пойтахт баргузор мешавад

Рўзи 21-уми март бахшида ба ҷашни Наврўз дар Муассисаи давлатии «Наврўзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи 3-юми байналмилалии куштӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми пойтахт баргузор мешавад.

Мусобиқа дар 5 вазн (-60 кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, +90 кг) миёни мардҳо ва 3 вазн (-52 кг, -70 кг, -87 кг) миёни занҳо баргузор мешавад. Ғолибон миёни мардҳо бо шоҳҷоиза, ки мошини сабукрав аст, сарфароз мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Дар мусобиқаи мардон барандагони медали нуқра 38 646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ, дар куштии бонувон барандагони медали тилло 38 646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25 764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *