Курсии “наҳс” боз холӣ монд…
Раиси ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент, Шомурод Тағозода, бо гумони гирифтани пора дастгир шудааст. Тағозода аз як сокини ҷамоат барои имзои ҳуҷҷате 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ӯ охири ҳафтаи гузашта дастгир шудааст ва айни замон дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ба гуфтаи манбаъ, раиси ҷамоати деҳоти Косатарош аз як сокини ҳамин ҷамоат, барои имзо гузоштан ба ҳуҷҷате барои сохтмони бино 10 000 сомонӣ маблағ талаб кардааст. Ҳангоми гирифтани ин миқдор маблағ Шомурод Тағозода аз тарафи кормандони Раёсати агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар водии Зарафшон дастгир мешавад.Нисбати Шомурод Тағозода, бо моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷинояти ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаанд.
Шомурод Тағозода аслан дар вазифаи муовини раиси ҷамоат кор мекард, аммо бинобар холӣ будани мансаби раиси ҷамоат иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоат буд. Пас аз боздошт ӯ аз вазифаш озод карда шудааст.
Мансаби раиси ҷамоати Косатарошро дар Панҷакент як мансаби наҳс меноманд, зеро дар солҳои охир ду раиси ин ҷамоат Давронов ва Исрофилов Абдурофеъ бо сабаби қарздор шудан вазифаро тарк намуданду як раиси дигараш Муҳиддинов Абдуғафур худкушӣ карда буд. Инак раиси чоруми ҷамоати Косатарошро бо иттиҳоми порагирӣ боздошт карданд ва курсии ӯ интизори раиси навбатист …
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ