Москва: 26 муҳоҷир заҳролуд шуданд ва як тан фавтид

26 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Котелникии вилояти Москва кор мекарданд, заҳролуд шуданд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Идораи тандурустии вилояти Москва хабар додааст.

Бино ба хабарҳо, яке аз заҳролудшудаҳо то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҷон дода, 23 тани дигар бистарӣ шуданд. Ду нафари муҳоҷирон гуфтаанд, ки ба бистарӣ шудан ниёз надоранд.

«Дар натиҷаи ҳодисаи Котелникӣ 26 одам осеб дида, 23 тани онҳо дар беморхонаи рақами яки ноҳияи Люберетский ва Беморхонаи касалиҳои сироятии Раменское бистарӣ шуданд. Ба онҳо ёрии зарурии тиббӣ расонида мешавад», — мегӯяд Идораи тандурустии вилояти Москва.

Ба гуфтаи раҳбари Идораи тандурустии вилояти Москва Дмитрий Марков, ба маҳалли ҳодиса ду гуруҳи Маркази фоҷеаҳои тиббӣ ва 7 гуруҳи ёрии таҷилӣ сафарбар карда шудааст.

Ба гуфтаи як манбаи РИА Новости, бинокорони ӯзбек 18 август баъд аз хурдани ғизо худро бад ҳис карда, кӯшиши табобати худсарона кардаанд. Ташхиси аввалия «гастроэнтерит» гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *