Кушандагони Сомон ва Иброҳимро зиндонӣ карданд
Парвандаи пурсарусадои занозании ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-и пойтахт баъд аз чанд моҳи баррасӣ поён ёфт ва додгоҳ авохири ҳафтаи гузашта, ҳукми худро дар нисбати муттаҳамон эълон кард. Дар ин ҳодиса, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ рух дод, ду нафар кушта ва чанд тани дигар захм бардошта буданд.
Ба иттилои Додгоҳи шаҳри Душанбе, ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов даст доштанд, ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин ду нафар бо моддаи 104 (куштор), гунаҳкор дониста мешаванд. Додгоҳ номи маҳкумшудаҳоро ба хотири ноболиғ буданашон, ошкор накардааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, чаҳор ҷавони дигар, ки низ ноболиғ мебошанд, ба муддати 5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда ва ду нафари дигар ба маблағи 5000 сомонӣ, ҷарима шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ