Кушта шудани муҳоҷири тоҷик аз ҷониби корфармои рус

Пулиси Русия муҳандиси як ширкати сохтмониро бо иттиҳоми куштори мардикори тоҷики 24-сола дастгир кардааст. Наздиконаш мегӯянд, ин ҷавон рӯзи 27 март барои гирифтани музди кораш пеши корфармо рафта буд. Ҷасади ӯро баъди 5 рӯз аз як ҷангал ёфтанд…

Мақомоти пулиси Русия муҳандиси 53-солаи як ширкати сохтмониро бо иттиҳоми куштори як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ҷасади ин муҳоҷири тоҷикро, ки аз сараш тир хӯрда буд, рӯзи 1 апрел аз як ҷангал дар назди деҳаи Варшко, тақрибан 120-километрии шимоли шаҳри Санкт-Петербург пайдо карданд.

Пулис гуфт, муҳандиси гумонбар дар ин кушторро рӯзи 1 апрел дар шаҳраки Новое Девяткино дар канори Петербург боздошт карданд ва ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ хеле зуд даст доштанаш дар куштори коргари тоҷики ин ширкатро эътироф карда, гуфтааст, ки ҷасади ин тоҷикро баъди куштан дар халтаи селофанӣ андохта, 120 километр дуртар аз ҷои куштор, дар назди деҳаи Варшко зери хок кардааст. Ӯ ба кормандони пулис ҷоеро, ки ҷасадро пинҳон карда буд, нишон додааст.

Исми ин ҷавони тоҷик ва муҳандиси муттаҳам дар қатли ӯ ҳанӯз нашр нашудааст.

Наздикони ин ҷавон мегӯянд, ки ӯ рӯзи 27 март барои гирифтани музди кораш пеши корфармо рафта буд. Ширкати сохтмоние, ки ин ҷавони 24-солаи тоҷик кор мекард, бояд ба вай 400 ҳазор рубл, муодили тақрибан 7 ҳазор доллар пардохт мекард.

Аммо вақте ду рӯз гузашту ин ҷавон барнагашт, наздиконаш ба пулис муроҷиат кардаанд ва пулис аз рӯзи 29 март ба ҷустуҷӯи ин шаҳрванди Тоҷикистон пардохтааст.

Нашрияҳои маҳаллӣ аз қавли муфаттишон менависанд, ки мулоқоти ҷавон ва муҳандиси ширкати корфармои ӯ рӯзи 27 март дар як мошин дар кӯчаи Приневскаяи шаҳри Петербург сурат гирифта ва муҳандис, вақте баҳси онҳо ба муноқиша мепечад, аз пистолети травматикӣ ба сари ин ҷавон як тири маргбор задааст. Сипас муҳандис ҷасади ҷавони тоҷикро дар халтаи селофанӣ андохта, 120 километр дуртар, дар назди деҳаи Варшко зери хок кардааст.

Баъди куштани мардикораш ин муҳандис рӯ ба фирор оварда, дар шаҳраки Новое Девяткино пинҳон шудаааст, вале пулис бар асоси пурсиши наздикони он ҷавон ва таҳқиқи зангҳои ахири телефониаш маълум кардаанд, ки ӯро кӣ ба мулоқот даъват карда буд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *