289 адад супориши ҳатмии кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист

Дар семоҳаи якуми соли 2017 дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи  олами наботот 244 объект аз ҷониби масъулин санҷида шуда, 289 адад супориши ҳатмӣ барои бартараф намудани камбудиҳо дода шуд.  Агар соли 2016 41 адад мавод ба суди иқтисодӣ барои баррасӣ пешниҳод шуда бошад, дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба суд 8 мавод оиди ғайриқонунӣ буридани дарахт ирсол гардидааст- Абдурасул Каримов, сардори шӯъбаи ҳифзи олами набобат ва ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд.

-Танҳо дар давоми соли 2016 аз тарафи нозирон 1183 адад санадҳои азнавгузаронӣ тартиб дода шуда, нисбати шаҳрвандон ва шахсони масъуле,ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, 451 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Аммо бо вуҷуди ҷаримабандиҳои зиёд ва дигар намуди ҷазоҳо бархе аз шаҳрвандон ба худсарона буридани дарахтони дар ҳоли сабзиш қарордошта дидаю дониста даст мезананд-меафзояд Каримов.

Идомаи  мавзӯъро  дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                   Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *