Кушта шудани толибон дар сарҳади Тоҷикистон
Дар натиҷаи задухурд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду аъзои гуруҳи Толибон кушта шудаанд.
Дафтари матбуотии Қушунҳои сарҳадии КДАМ мегӯяд, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 8-9 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони ШКДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳонаи шадид ба вуқӯъ омад.
Қочоқчиёни афғон ба муқовимати сахти сарҳадбонони тоҷик ва кормандони ШКДАМ тоб оварда натавониста, ба самти Афғонистон фирор намуданд.
Дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ захмӣ гардида, аз ҷои ҳодиса як адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62, 1 адад норинҷаки РГД-5 мусодира карда шуда, ду ҷасади қочоқчии афғон дарёфт карда шуд.
Муайян карда шуд, ки ҳар ду аъзои гурӯҳи террористии толибон буда, ба яке аз гурӯҳи фаъолони қочоқчии афғон- Турак шомил будаанд.
Ҷасадҳо расман ба намояндагии сарҳадии ҶИА супорида шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ