Ҷаъмбасти олимпиадаи байналмилалии наврасон-ТIMC 2016

Аз 14 то 19 августи соли ҷорӣ дар вилояти Чиангмайи Давлати Шоҳигарии Тайланд олимпиадаи  байналмилалии наврасон-ТIMC 2016 178 даста аз фанни математика дар байни 30 давлати дунё баргузор гардид.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 даста иштирок намуда, сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ: 4 нафар ҷойи 3 (Алиев Парвизҷон хонандаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”, Исматов Шоҳрухҷон, Бобохонов Меҳрон ва Хонҷонов Наимҷон хонандагони Гимназия-интернати Тоҷикистону Россия “Ҳотам ва П.В”) ва 8 нафар бо ифтихорномаҳои фахрии олимпиада сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷониби Кумитаи тадорукоти олимпиада ҷиҳати иштироки фаъолонаи хонандагони тоҷик, ки бори аввал дар олимпиадаи мазкур сазовори  натиҷаҳои  назаррас гардиданд,  таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тавсия дода шуд, ки бо мақсади вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ хонандагон дар олимпиадаҳои фосилавӣ  мунтазам иштирок намуда, барои роҳ ёфтан дар олимпиадаҳои байналмилалӣ заминаи устувор ба вуҷуд оварда шавад. Дастаи хонандагони  тоҷик  барои натиҷаҳои назаррас бо туҳфаи хотиравии олимпиада -“Лаълии нуқрагин”, ки рамзи дустӣ  ва садоқатро дорад, сарфароз гардонида шуд.

Аз аввали соли 2016 инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Ветнам, Шветсария ва Тайланд баргузор гардиданд, сазовори 116 медал: 19 ҷойи аввал, 33 ҷойи дуюм, 64 ҷойи сеюм ва 30 ифтихорномаҳои фахрӣ гардидаанд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.