Марди бадрашк хуб аст ё шилқин?

 Дар оғози муносибатҳои ошиқона то кадом андоза мустаҳкам гаштани пайванди ду нафарро муайян кардан душвор аст, вале баъзе одату хислати мардро омӯхта, шумо метавонед сари вақт аз «дарди сар» халос шавед. Инак, мутаваҷеҳ бошед, ки кадом рафтори мард боиси хавотирӣ аст.    

Марди беҷуръат

Мард сари ҳар масъала аз шумо маслиҳат мепурсида бошад, ин нишонаи хуб нест. Дар аввал шояд шумо аз чунин амали мард хурсанд шуда, худро одами даркорӣ эҳсос намоед, вале баъдан маслиҳатчии беғараз будан ба дилатон мезанад. Дар ҳама кор аз зан маслиҳат пурсидани мард хеле асабхаробкунанда аст.

Хӯрдагирӣ мекунад?

Марде, ки пайваста сару симои зан, ақидаву рафторашро танқид мекунад, мехоҳад ҳама чиз дар таҳти назорати вай бошад. Ин тоифаи мардон то кадом андоза беадабона рафтор карданашонро ҳатто эҳсос намекунанд. Марди хӯрдагир муътақид аст, ки барои беҳбудии шумо кӯшиш менамояд. Марде, ки шумо ба наздикӣ бо ӯ шинос шудаед, ба чӣ пӯшидану бо кӣ дӯстӣ карданатон кордор мешуда бошад, ҳарчи зудтар аз ӯ гурезед. Ҳар қадаре бештар тоқат карда бо чунин мард муросо намоед, ҳамон андоза бештар вай шуморо ғулом карда мегирад ва ба ҳар як кору боратон биниашро мехалонад.

Бадгӯӣ мекунад

Ҳанӯз дар оғози шиносоӣ ин мард ба шумо дар бораи маҳбубаи пештарааш ҳама чизро мегӯяд. Вай  танҳо сифатҳои бади собиқ дӯстдоштаашро номбар карда, шуморо дар қиёс бо ӯ беҳтарин ва маликаи ҳусну ҷамол меномад. Аз ин таърифу тавсифҳо маст шуда, дилатонро рӯйи кафҳои ин мард нагузоред. Марде, ки духтарони қаблан мешинохтаашро бадгӯйӣ мекунад, метавонад шуморо ҳам ба ду пули пучак фурӯшад. Дар оянда ба рӯйхати «аҷузаҳо» афтидан нахоҳед, ҳарчи зудтар аз ин мард гурезед!

Бадрашк

Қисми зиёди духтарон рашкро нишонаи муҳаббат мешуморанд. Ба ақидаи ин тоифаи бонувон рашк «намак»-и зиндагӣ буда, муносибати ошиқонро рангин месозад. Албатта то ҷое ин андеша ҷон дорад, вале на ҳамеша рашк нишонаи муҳаббат аст. Рашки беҳуда басо бераҳмона ба решаи ниҳоли бахт табар мезанад. Марди дӯстдоштаатон ҳар қадами шуморо назорат мекарда бошад, дар дилатон «дар ҳақиқат маро дӯст медоштааст» гуфта хурсандӣ накунед. Пайваста бо кӣ ба куҷо рафтани занро пурсидани мард нишонаи нобоварӣ аст. Бадгумонии мард чандон оқибати хуб надорад. Рашки беҳуда боиси ҷангу ҷанҷоли пайваста ва ҳатто ҳодисаҳои нохуш гашта метавонад.

Марди часпак

Мард ба духтаре сахт писанд ояд ҳам, бону дарҳол ба оғӯшаш намедарояд. Мард бояд ин чизро қабул карда тавонад. Ошиқи наватон аз ҳад зиёд замонавӣ бошад ва хоҳишҳои шуморо ба эътибор нагирад, беҳтараш сари вақт бо ӯ хайрухуш кунед. Марде, ки ҷавоби радро қабул надорад ва дарҳол ба бӯсу канору оғӯш кардан майл менамояд, нияти пок надорад.

Дурӯғгӯй

Дар шиносоии начандон тӯлониятон чанд мартоиба дурӯғ гуфтани мардро пай бурдед? Агар бо мақсади ба дили шумо роҳ ёфтан ӯ аз худ шоҳзода тарошад, нақлҳояшро бо ҳақиқат қиёс намоед. Аз имкон дур нест, ки ин мард дар шикори бойдухтарон кайҳо усто гашта бошад. Беҳтараш аз дӯстону шиносҳои наздикаш дар бораи ӯ пурсон шавед. Кӣ медонад, шояд ин «бойбача» зиндагии берангу бемаънӣ дорад ва бо таърифу тавсифҳо дилатонро ба даст оварда, шуморо истифода бурдан мехоҳад…

Дарундор аст

Барои ҷалб намудани диққати бонувон баъзе мардҳо қасдан худоро камгап нишон медиҳанд. Марди дамдузд муаммои сарбастаро монда,  диққати касро ба худ ҷалб мекунад, вале кӯшиш намоед, ки ба доми фиреби чунин мардон наафтед. Одатан мардони сарватманд ва кормандони мақомотҳои махфӣ чунин рафтор мекунанд, вале дар байни дамдуздҳо одамони тирадил низ кам нестанд. Ошиқи наватон дамдузду камгап бошад, ҳушёр шавед. Кӣ медонад, шояд зан дорад ё ҷиноткори хавфнок асту кормандони милиса кайҳо боз ӯро кофта гаштаанд ва барои ҳамин дар бораи худаш чизе намегӯяд, ки сираш фош нашавад. Мард дар бораи худаш чизе нақл накунад, беҳтараш сари вақт алоқаатонро аз ӯ канед. Ба гумон аст, ки чунин мард ба дӯст доштан қодир бошад…

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.