Корвонакиҳоро ҷарима бастанд

Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД аз ҷаримабандии қариб  100 соҳибкор ва фурӯшандаи бузургтарин бозори шаҳри Душанбе – Корвон хабар додааст. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, аз 15 то 18 августи соли равон дар ҶДММ “Бозори Корвон” ва нуқтаҳои савдои гирду атрофи он санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор гузаронда шудааст: Мутахассисони соҳа, дар рафти санҷиш, бештар ба озод будани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ дар ҳудуди бозор, ҷойгиркунии аломату аёниятҳои зиддисӯхторӣ, вазъи сипару барқтақсимкунак ва кабелу ноқилҳои барқӣ, ҳолати техникии манбаҳои нигоҳдории захираи оби оташнишонӣ ва мавҷудияти фишори лозимии об дар ҷумаку гидрантҳои сӯхторхомӯшкунӣ, миқдори зарурии воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ, коршоямии камераҳои мушоҳидавию воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда ва ҳолати омодабошии дружинаҳои идоравии оташнишонию муҳофизони бозор дар мубориза бо ҳодисаҳои сӯхтор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд”.

Манбаъ мегӯяд, барои роҳ додан ба камбудиҳои зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбати 98 соҳибкорону фурушанда ба маблағи 23160 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуда, 102 қитъаҳои хатҳои барқие, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуданд, безарар гардонида шуданд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.