Кушта шудани янга аз ҷониби додарарӯс

Бино ба маълумоти ВКД, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфараро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 25-уми августи соли 2018, тахминан соати 19:10-дақиқа, бо янгааш зани 47-сола, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба тахтапушташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *