Ҳабс шудани 30 зан барои кӯшиши шикоят ба президент

Дар шаҳри Тошканд гуруҳи заноне, ки барои шикоят аз болои кормандони пулис ва додситонӣ ба қароргоҳи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рафта буданд, боздошт шуданд.

Ҳомии ҳуқуқ аз Тошканд Татяна Довлатова гуфт, 23 июл ҳудуди 30 занро дар назди бинои маъмурияти президенти Ӯзбекистон дастгир карда, ба шуъбаи пулиси ноҳияи Яккасарой бурданд. “Бархе занон пас аз ҳудуди як соат озод шуда, бархеи дигар ба “Майдаавбошӣ” айбдору 10 шабонарӯз ҳабс гаштанд”, — афзуд Давлатова.

Яке аз боздоштшудаҳо гуфт, онҳо субҳи 23 июл ба назди бинои маъмурияти президенти Ӯзбекистон рафтанд. “Вақте корвони мошинҳои президент ба бинои дастгоҳ наздик шуд, автобуси кормандони пулис пеши роҳи моро гирифт. Ҳамаи моро ба автобус савор карда, ба шуъба бурданд”, — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҳомии ҳуқуқ Давлатова тавонистааст, аз шаш зани ҳабсшуда шахсияти се нафарашонро муайян кунад. “Писари яке аз ин занҳо дар маҳбас фавтидааст. Зан иддао дорад, ки фарзандашро дар зиндон то дами марг шиканҷа карданд. Зани дувум солҳо инҷониб наметавонад визаи хуруҷро дарёфт карда, ба назди хонаводааш ба хориҷ равад. Боздоштшудаҳо кӯдаки ширхора доранд. Бар асоси қонунгузории Ӯзбекистон, кормандони пулис ҳақ надоранд, онҳоеро боздошт кунанд, ки кӯдаки аз сесола поин доранд. Ба ҷуз ин, занон вазифадоранд, ки тамоми харҷи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ, аз ҷумла пули се вақт ғизоро пардохт кунанд”, — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Давлатова, ин занон пеш аз рафтан ба назди маъмурияти президенти Ӯзбекистон, борҳо ба қабулгоҳи маҷозии Мирзиёев шикоят карда буданд. Вале натиҷае надодааст. Як корманди хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон гуфт, аз боздошти занон хабар надорад. Дар шуъбаи пулиси Яккасарой аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *