Куштори ҷавони бегуноҳ дар роҳи Айнӣ (АКСҲО ва ВИДЕО)
«Чаро қотилони писарам то ҳол дар озодӣ гаштаанд?!» —модари ҷигархуни Абдувоҳид Разоқов ба ин саволи худ аз кормандони Прокуратураи генералӣ ҷавоб мехоҳад.
Фиғони қалби модар
Занги пуризтироби як модари фарзандгумкарда аз кӯҳистони Айнии вилояти Суғд моро ба он водор намуд, ки аз пайи ҷустуҷӯйи ҳақиқат ба ин минтақа сафар намоем. Ин модари аламзада Меҳрӣ Ноибова буда, ду моҳ боз дар ба дари идораҳои дахлдор адолат металабад. Кафшҳои ин зан дар талаби ҳақиқат сӯрох шуда, ниҳоят ҳамчун умеди охирин ба редаксия муроҷиат кардааст, то масъулини соҳаи ҳуқуқ доди дилашро шунида, мӯйро аз хамир ҷудо намоянд ва қотилони писари ҷавонмаргашро ҷазои сазовор диҳанд, то рӯҳи Абдувоҳид ором гирад.
Аз хешу табор ҳам наздиктар
Зулфия, модари ХушдилМоро апаи Зулфия, модари Дилхуши 24-сола, ки соли гузашта ҷисми беҷонашро аз Федератсияи Русия оварда буданд ва котилонашро то имрӯз пайдо накардаанд, пешвоз гирифт. Апаи Зулфия ба модари Абдувоҳид ягон робитаи хешу таборӣ надошта бошад ҳам, ин ду занро тақдири ҳамрангашон қарин гардонидааст.
«Ману Меҳрӣ ҳарду духтарҳои шаҳрӣ, зодаи шаҳри зебои Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ҳастем, вале бо амри тақдир ба ҷавонмардони айнигӣ ба шавҳар баромада, ба ин минтақаи дурдасти куҳӣ афтидем. Дар асл ягон муносибати хешу таборӣ надошта бошем ҳам, ҳатто аз хешу табор наздиктарем, чунки мудом аз ҳоли якдигар хабар гирифта меистем ва дар ғаму шодии ҳамдигар шарикем. Вақте ки ҷасади писари маро аз Русия оварданд, Меҳрӣ ҳар рӯз аз дарам даромада маро дилбардорӣ медод. Ҳамон шабу рӯзҳо мани бо дарду ғами фарзанди ҷавонмаргам овора, ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки рӯзе ин мусибат ба сари дугонаам низ меояд, вале зиндагӣ косаи давр будааст. Бадбахтона, дарди ҷонсӯзе, ки соле қабл насиби мани бадбахт гашта буд, имрӯз ин зани меҳрубону дасткушодро домангир шудааст. Дар рӯзи равшан, дар рӯйи роҳ, дар пеши назари мардум писари нозанинашро зада куштанд, вале қотилони Абдулвоҳид то ҳол дар озодӣ гаштаанд,-раҳораҳ қисса кард апаи Зулфия.
Меҳрӣ Ноибова, модари Абдувоҳид:
Писарам бо умеди ободӣ роҳ месохт, вале…
—Писаратон ба чӣ кор машғул буд? Касбу кораш ба фоҷиаи ба сари ӯ омада ягон алоқамандӣ дорад?
-Писарам аз зумраи ҳамон ҷавононе буд, ки дар васфашон мегӯянд: “Панҷ панҷааш ҳунар аст!” Абдувоҳиди ман бисёр бачаи меҳнатӣ ва кордон буд. Шавқу ҳавасаш ба мошини калон хеле зиёд буд, дар сари чамбараки «Дулан» нишаста, вай худашро Рустами достон ҳис мекард. Пешаи асосиаш роҳсозӣ буд. Аз уҳдаи таъмири мошин ҳам ба хубӣ мебаромад. Ба мошинҳо газ васл мекард, қисмҳои эҳтиётии дилхоҳ мошинро иваз ва таъмир карда медод. Хулоса, як ҷавони ободкор буд ва ҳамеша барои беҳбудии мардум кӯшиш менамуд, вале ана ҳамин бачаи беозор ва меҳнаткашро дар рӯзи равшан, ҳангоми таъмири қитъаи роҳ дар ҷойи кораш бераҳмона зада куштанд. Куштанд ва боз дағдаға ҳам карданд, ки ҷавобашро дар назди милисаю суду прокурор медиҳанд. Ғуруру такаббурашон беҳуда набудааст, аз марги писарам ду моҳ гузашту касоне, ки ӯро зада куштанд, то ҳол дар озодӣ гаштаанд. Касе танобашонро намекашад.
Дар акс марҳум Абдувоҳид Разоқов-Ростӣ, мо аз ин суханони пурсӯзу гудози шумо чизеро нафаҳмидем. Равшантар гап занед, писаратонро кӣ, кай ва барои чӣ ба қатл расонд?
-Рӯзи 28-уми август, соатҳои тақрибан 6- и субҳ чой дам карда гуфтам, ки «писарам, биё ноништа карда, баъд ба кор рав», вале дар ҷавоб писарам: «хӯрокатонро пухтан гиред, баъд ҳарду “завтрак” мекунем» гӯён, баромада рафт. Дӯконе, ки шумо мебинед, барои мардуми гирду атроф хизмат мерасонад, яъне ба хайси ошхона фаъолият менамояд. Ману духтарам дар ин ҷо ба сифати ошпазу пешхизмат кор мекунем. Абдувоҳид соати шаши саҳар аз дари ҳамин дӯкон баромада рафт. Рафту бо ҳамин дигар барнагашт…
-Шуморо аз фоҷиаи ба сари писаратон омада кӣ хабардор кард?
-Машғули хӯрокпазӣ будам, ки аз беморхона Сафармоҳ ном ҳамшираи шафқат занг зад ва гуфт, ки зуд ба беморхона биёед, писаратон бемор шудааст, ӯро бистарӣ кардем. Ҳайрон шуда пурсидам, ки ба Абдувоҳиди ман чӣ шудааст. Сараш сахт дард мекунад гуфт. Ҳайрон шудам, чунки то ҳамон рӯзи наҳс писарам ягон бор аз дарди сар шикоят накарда буд.
Хуласи калом, ба ташвиш афтида, роҳи бемористонро пеш гирифтам. Вақте ки аз дари беморхона даромадам, бо дидани ҳоли бади писарам аз тарс дар ҷоям шах шуда мондам. Абдувоҳиди ман беҳушу бе ёд дар таги кислород хоб буд. Се соат гирёну нолон дар болои сараш нишаста зорию тавалло кардам, ки писарамро аз марг наҷот диҳанд. Доду бедод кардам, ки хонаамро фурӯхта пулашро медиҳам, фақат ягон чора ёфта, ҷони писаракамро харед. Гуфтам, ки шумо асбобҳои лозимиро надоред, аз шаҳри Хуҷанд ягон духтури доноро ёфта биёред, тамоми хароҷоташро ман худам ба зимма мегирам. Аллакай даъват кардем гуфтанд, вале… Фишори хунаш аввал 120/60 буд, вале баъд намедонам чӣ шуд, ки якбора фишори хунаш фаромадан гирифт. Табибон бо дидани ин ҳолат маро аз дар бароварданд. Як духтари бадахшонӣ, ки дар хонаам иҷоранишин аст, ба Вазорати тандурустӣ занг зада хоҳиш намуд, ки бо чархбол таъҷилан мутахассисонро равон кунанд. Баъди ду соат аз шаҳри Душанбе табибон омаданд, вале аллакай кор аз кор гузашта буд.
-Ба писаратон чӣ ҳодиса рӯй додааст ва кӣ ӯро ба беморхона бурдааст?
-Ҳамон рӯз бо сабаби корҳои сохтмонӣ роҳро маҳкам карда будаанд. Фирдавс ном ҷавон ҳамроҳи ду ҷӯрааш ва бо чанд зани дигар, ки хешу таборашон будаанд, талаб мекунанд, ки роҳро кушоянд, вале писари ман розӣ намешавад. Ҳамин тавр гапашон мегурезад ва онҳо писари маро ба пушти «Дулан» бурда, сарашро чанд маротиба ба шаст ба оҳани мошин сахт-сахт мезананд. Вақте ки Абдувоҳиди ба хун оғушта аз ҳуш меравад, бемалол ба мошини худашон нишаста рафтанӣ мешаванд, аммо бригадири роҳсозон ҳуҷҷатҳои Фирдавсро аз дасташ зӯран кашида гирифта, талаб мекунад, ки ӯро ба беморхона барад. Дар болои сари писарам гирёну нолон нишаста, гаштаю баргашта зорию тавалло менамудам, ки “бачаҷон, маро ин қадар сахт натарсон, илтимос, чашмонатро кушо”. Аз чашмони писаракам ғура-ғура об мерехт, вале намеҷунбид. Духтурон гуфтанд, ки устухонҳои сараш аз зарбаҳои сахти пай дар пай шикаста, хун дар косахонаи сари маҷақшудааш ҷамъ шудаасту ба мағзи сар рафтааст. Вакте пурсидам, ки ба бачаи ман чӣ шудааст, гуфтанд, ки ӯро задаанд. Кӣ задааст гӯям, ба ронандаи мошине, ки писарамро оварда буд, ишорат намуданд.
-Аз ронанда сабаби сар задани моҷароро напурсидед?
— Он ҷавони беинсоф ба ҷойи он ки узрхоҳӣ намояд, баръакс, ба мо шунавонда истода, мағрурона бо овози баланд дӯғ мезад, ки дар суд ҳам ҷавобашро медиҳаму дар прокуратура ҳам.
-Сабаби ин қадар ҳавобаландӣ карданаш чист? Магар ягон тағои зӯр дорад?
—Тағои зӯр доштан ё надоштанашро намедонам, вале ба қавли худаш шаҳрванди Русия будааст ва касе ҳақ надоштааст, ки пишаки ӯро ҳатто пишт гӯяд.
-Шумо чӣ тавр рӯй додани ин ҳодисаи тақдирсӯзро аз забони кӣ шунидед?
-Суҳроб ном ҷавон, ки дар ҳамон роҳ ғӯлинг мефурӯхтааст, шоҳиди бевоситаи ҷанҷоли онҳо гаштааст. Вай ҳамаашро ба мо нақл карда дод. Сабташро ҳам дорем. Ба ғайр аз Суҳроб ва бригадири роҳсозон ҳамон рӯз боз як ҷӯгибачаи дигар низ ҳамаи инро дида будааст, вале ӯро аз кор пеш кардаанд. Зорию тавалло намудем, ки суроғаашро диҳанд, аммо ягон кас на номи он ҷӯгиро мегӯяд ва на адресашро медиҳад.
-Кормандони мақомот чӣ мегӯянд?
—Вакте дар Айнӣ ба додамон касе нарасид, мо маҷбур шудем, ки ба маркази вилоят рафта арзу дод намоем. Дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд як генерал моро қабул карда, ваъда дод, ки рафти тафтиши ин парвандаро зери назорати шахсии худ мегирад ва яке аз муфатишони худро ба ин кор вобаста намуд. Мо умедвор будем, ки ҳақ ба ҳақдор расида, онҳое, ки писари бегуноҳи маро зӯран, бо лату кӯб ба он дунё фиристоданд, ҷазои сазовор мегиранд, вале хаёламон хом баромад. Муфаттиши аз вилоят омада низ «шоҳид надоред» гӯён, даст афшонду тарбузи умед ба тантанаи адолат аз бағалам афтид.
-Гуфтед, ки Суҳроб ном ҷавон шоҳиди бевоситаи ин ҳодиса гаштааст ва шумо ҳатто сабти суханони ӯро дар даст доред. Пас, чаро ӯ шоҳидӣ намедиҳад, то адолат тантана намояд?
—Намедонам ба шоҳид чӣ гуфтанду чӣ карданд, ки лаб фурӯ бастааст. Ҳар гоҳ аз ӯ чизе пурсиданӣ шавем, чашмонаш пур аз ашк мешаванд, вале ягон сухан ба забон намеорад, ҳарчанд сабти пештараи гуфтаҳои ӯро мо дар даст дорем.
-Ҳамон сабтро ба муфаттиш пешниҳод накардед?
-Кардем, вале ба эътибор намегиранд. Писари маро секаса задаанд, аммо гуноҳро ба гардани як нафар бор када, ду гунаҳкори дигарро бе ҷазо монда истодаанд.
-Такроран ба покуратураи вилоятӣ муроҷиат накадед?
—Кардем, вале касе ба додамон расидан нахост. Мегӯянд, ки баъди 24 сол бошад ҳам, қотилро меёбанд. Чаро ман бояд 24 сол интизор шавам, вақте медонам, ки писарамро киҳо ҷавонмарг карданд.
—Мақсадатон аз муроҷиат намудан ба редаксия чист?
—Мехоҳам Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ ва Раиси Суди Олии Тоҷикистон фиғони қалби маро шунида, ба доди як модари фарзандгумкарда бирасанд.
Мехоҳам донам, ки чаро гунаҳкорони марги фарзанди бегуноҳи ман то ҳол дар озодӣ гаштаанд?
Мехоҳам касоне, ки писарамро ғурамаргу фарзандони ӯро бе падар намуданд, барои кирдорашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Писари ман гӯсола не, гов не, саг не, фарзанди инсон буд, пас чаро барои марги як ҷавонмарди зебо, ки акнун ба синни 28 қадам ниҳодаю аз сад гул ҳанӯз як гулаш ҳам нашкуфта буд, ягон кас ҷавоб намедиҳад?! Мехоҳам адолат тантана намояд. Бале, танҳо мехоҳам адолат тантана намояд ва руҳи писари ҷавонмаргам ором бигирад!
Маҳинаи Давлат,
Душанбе-Айни-Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ