Истамбул: Зани тоҷикро дар ҳавопаймо боздошт карданд

Рафтори як зани тоҷик дар дохили ҳавопаймои Истамбул — Петербург боиси шаби 31 октябр аз азми парвозаш баргаштан ва барои 5 соат дар фурудгоҳи Истамбул ба далелҳои амниятӣ дармондани ҳавопаймои ширкати «Россия” шуд. Шаҳрванди Тоҷикистонро пулиси Туркия дар дохили ҳавопаймо боздошт кард.

Ҳавопаймои ширкати «Россия”, ки дар масири Истамбул – Санкт-Петербург парвоз мекард, мебоист шаби 31 октябр, соати 02:20 аз фурудгоҳи Отатурки Туркия ба парвоз мехест ва соати 06.15-и субҳи 31 октябр дар фурудгоҳи Пулковои Петербург менишаст. Аммо ин парвози рақами SU6696ба далелҳои амниятӣ барои 5 соат ба таъхир гузошта шуд.

Намояндаи расмии ширкати «Россия” ба нашрияи русии «Фонтанка” гуфт, сабаби таъхир шубҳаву гумонҳои мусофирон ва ҳайъати экипаж дар мавриди эҳтимоли вайрон шудани қоидаҳои амнияти авиатсионӣ будааст: «Чунин таъхири тӯлонӣ ба сабаби амалиёти хаадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ ва пулиси Туркия рух дод. Тамоми мусофирони ин парвозро ба толори фурудгоҳ баргардонда, аз нав тафтиш карданж. Кормандони хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи Отатурк, пулис ва хадамоти кинологӣ бо сагҳои бӯгир ҳавопайморо низ тафтиш карданд. Ба ин далел ҳавопаймо танҳо баъди 5 соат тавонист аз Истамбул парвоз кунад.”

Манобеи «Фонтанка” гуфтаанд, сабаби шубҳаи мусофирон як зан аз Тоҷикистон шудааст. Ин зан ибтидо аз як мусофири дигар хостааст, то бағочи дасташро то ҳавопаймо барад. Сипас баъди ба ҷои худаш нишастан, ин зан аз мусофире, ки дар паҳлӯи ӯ менишаст, телефонашро хоста, ба бародараш СМС фиристодааст.

Ба дунбол ба телефони он мард бо забони барояш ноошно чанд паём омадааст. Соҳиби телефон дар байни он суханони барояш ношинос танҳо як калимаи «активатсия”-ро шинохта, аз зани тоҷик ташреҳ хостааст. Вале зан ба ӯ гуфтааст, ки мукотибаро кӯр кунад.

Ин ҳама боиси шубҳаи марди соҳиби телефон шуда ва ӯ ба экипажи ҳавопаймо дар бораи ин рӯйдод хабар додааст. Намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Россия” гуфтааст, азбаски ҳоло амнияти парвоз барои ин ширкат дар авлавият қарор дорад, экипаж тасмим гирифтааст, ки ҳавопаймои барои парвоз алакай омодаро манъ кунад ва ба маъмурияти фурудгоҳи Отатурк хабар диҳад.

Дар натиҷа, мақомоти амниятӣ болои сари ин ҳавопаймо рехтаанд. Пулис билофосила зани тоҷикеро, ки мояи ин шубҳаву гумонҳо шуд, дастгир кардааст. Ин зан аз касе кумак хостанашро рад карда, гуфтааст, ки ӯро тӯҳмат кардаанд.

Дмитрий, як мусофири ин ҳавопаймо ба «Фонтанка” хабар додааст, ки ибтидо ҳавопайморо бо мусофиронаш ду соат дар як гӯша нигоҳ доштанд: «Як тасаввур кунед, ки дар дохили ҳавопаймо чӣ вазъе буд. Сипас ҳамаро ба толори интизории фурдугоҳ бурданд ва дар онҷо аз дигарон ҷудо карданд. Мардум ҳатто ба ҳоҷатхона зери назорат мерафт. Ҳамаро тафтишу кофтукоб карданд.”

Дар ниҳоят ҳавопаймои ширкати «Россия” соати ҳафти субҳи 31 октябр аз фурудгоҳи Отатурк парвоз кард ва соати 11 ба Петербург расид. Бидуни он зани тоҷик, ки дар Истамбул боздошт шуд.

Исми ин зан ва мақсади сафараш аз Истамбул ба Петербург нашр нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *