Куштори ду прокурор дар Қирғизистон

Прокурори  вилояти Бодканди Қирғизистон Анорбой Мамажакипов шаби 17 ба 18 ноябр кушта шуд. Ҷасади ӯро аз канори як роҳ дар наздикии обанбори Торт-Кӯл пайдо кардаанд.

Мамажакиповро аввал латукӯб карда, баъд паррондаанд. Ӯ ҳамроҳи прокурорҳои дигар ба шикор рафта буд. Дар робита ба қатли Мамажакипов парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва нахустин гумонбар дастгир шудааст. Бино ба хабарҳо, дастгиршуда як мансабдори дар гузашта баландпояи шаҳрдории Бишкек аст.Дар матбуот тафсилоти куштори прокурори вилояти Бодканди Қирғизистон Анорбой Мамажакипов нашр шуд. Бакит Сеитов, сухангӯи ВКД Қирғизистон гуфт, ҷасади прокурори Бодкандро шаби 17 ба 18 ноябр дар канори роҳ дар наздикии обанбори Торт-Кӯл пайдо кардаанд. Аввал мошини ӯро ёфтаанд ва баъди чандсад метр – ҷасади хунинашро.Бакит Саидов гуфт: «Дар бадани ӯ аломатҳои марги маҷбурӣ дида мешавад. Кормандони РВКД Бодканд гумонбарро ошкор ва боздошт карданд. Ҳоло ӯ баёнот дода истодааст. Ин гумонбар охирин нафарест, ки прокурорро зинда дидааст. Мошини ӯро аз ҷои дигар ёфтанд.”Як манбаъ дар РВКД Бодканд гуфтааст, ки Анорбой Мамажакиповро аввал латукӯб карда, баъд паррондаанд. Дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 97-уми Кодекси ҷиноятии Қирғизистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.АКИpress аз қавли маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки шоҳидон қабл аз ҳодиса прокурорро  ҳамроҳи гумонбар ҳамроҳ дидаанд: «Гумонбар дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ҷасади прокурорро  дар ҷои ҳодиса прокурори навбатдор ва кормандони фаврии милитсия шинохтанд.”Манбаи ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки нафари гумонбар сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Бодканд аст. Ӯ ҳамроҳи як гуруҳи прокурорҳо ба шикор рафта буд.Аммо манобеи дигар хабар додаанд, ки бо гумони даст доштан дар куштори Мамажакипов як мансабдори дар гузашта баландпояи шаҳрдории Бишкек дастгир шудааст.Karktus.Media аз қавли мақомоти ВКД менависад, ки «чанд шоҳид гумонбарро дар рӯзи куштор ҳамроҳи прокурор дидаанд. Гӯё онҳо ҳамроҳ ба шикор рафтаанд. Сабаби марги мақтул зарба бо як чизи сахт ба сараш шудааст. Дар вақти боздошт гумонбар маст буд. Ӯ ҳоло баёнот дода истодааст.”Бино ба гузориши АКИ-press, рӯзи 17 ноябр дар як мошини тамғаи «Лексус LX470», ки ба як сокини маҳаллӣ тааллуқ дорад, нишонаҳои хун пайдо кардаанд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯ кормандони милится ҷасади прокурори вилояти Бодкандро ёфтаанд.Ин дуюмин куштори мансабдорони баландпоя дар вилояти Бодканд дар рӯзҳои охир аст.Рӯзи 5 ноябр раиси шӯрои деҳаи Ҷонӣ-Ҷар (Жаны-Жер)-и ноҳияи Лайлак Қубаничбек Баёнов ҳадафи сӯиқасди мусаллаҳона қарор гирифт. Азбаски ин деҳа дар марз бо вилояти Суғди Тоҷикистон қарор дорад ва наздиктарин бемористон дар шаҳри Бобоҷон Ғафуров буд, Баёновро дар ҳолати вазнин ба бемористони Ғафуров бурданд. Аммо субҳи 17 ноябр, баъди 12 рӯзи табобат ва ду ҷарроҳӣ Қубаничбек Баёнов дар рӯи кати ҷарроҳӣ аз олам чашм пӯшид

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *