Сароидани Ахмедоваро  манъ карданд

Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт” аз рӯзи 13 ноябр ба овозхони 24-сола Шаҳло Ахмедова фаъолиятҳои консертиро манъ кардааст. Маркази матбуоти «Ӯзбекконсерт” дар шарҳи ин тасмим гуфт: «Клипи Ш.Ахмедова ба таронаи «Летние дожди”, ки дар он муносибатҳои байни ҷавон ва духтар ба таври хеле ошкор ва мухолифи менталитети миллӣ, арзишҳои мардуми мо ва ахлоқи шарқӣ нишон дода шудаанд, ба шакли комилан қабеҳ наворбардорӣ ва ба ҷомиа намоиш дода шудааст.” «Ӯзбекконсерт” мегӯяд, бо вуҷуди огоҳиҳои батакрораш, ин клипи Шаҳло то ҳол дар Интернет намоиш дода мешавад.

Клипи таронаи «Летние дожди”, ки Шаҳло Ахмедова ин таронаро ба забони русӣ иҷро мекунад, рӯзи 8 ноябр дар Ютуб нашр шуд ва дар байни 10 рӯз онро тақрибан 270 ҳазор нафар тамошо кардаанд.Шаҳло Ахмедова 24 сол дошта, зодаи ноҳияи Деҳнави вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё мебошад. Ӯ соли 2013 литсейи академии назди консерваторияи давлатии Ӯзбекистонро хатм карда, ҳамон сол дар сабқати мусиқии Zo‘r-zo‘r Star (Ситораи зӯри зӯр) ҷои дуюмро ба даст овард.Дар Ӯзбекистон овозхонҳо танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи махсуси муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт” метавонанд ба фаъолияти эҷодӣ машғул шаванд.Қаблан низ чандин мавриди аз чунин иҷозатнома маҳрум шудани овозхонҳои ӯзбекистонӣ гузоришҳо нашр шуда буд. Бино ба гузориши радиои «Озодлик”, бархе аз онҳо барои пӯшидани либоси беш аз ҳад урён ва як нафар ҳатто барои ба пахтачинӣ нарафтан аз ҳаққи фаъолият маҳрум карда шуданд.Аз моҳи июли соли 2017 ба овозхонҳои Ӯзбекистон нашри бидуни иҷозати клипҳои видеоияшон дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда шуд. Қабл аз гузоштани видеоклипи худ дар Интернет овозхонҳо бояд иҷозати расмии аъзои Шӯрои эҷодии «Ӯзбекконсерт”-ро бигиранд.Бархе чунин тартибро як мониаи нави бюрократӣ дар роҳи фаъолиятҳои ҳунарӣ ва кӯшиши зинда кардани сонсур мешуморанд. Вале гуруҳи дигар аз ин тасмим пуштибонӣ мекунанд ва мутмаинанд, ки дар роҳи сели таронаҳову клипҳои бемаънӣ ва беарзиш бардоштани чунин девор ё филтр ба сӯди фарҳанги Ӯзбекистон буда, сифати маҳсулоти шоу-бизнеси ӯзбекро боло хоҳад бурд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *