Куштори духтар аз ҷониби падар, дастгиршавии дуздон ва дигар хабарҳои ВКД
Дуздии маблағҳои пулӣ аз дохили хона ва автомашина
Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза марди 69-солаи сокини шаҳри мазкур, нафақахӯр, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми январи соли 2019, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 6000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 28-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми январи соли 2019, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахси номаълум дар нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиев бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “БМВ-3”, ки беназорат меистод, 10000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Панҷакентро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Падар духтарашро бо ноқили барқӣ ба ҳалокат расонид
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 19-уми январи соли 2019, тахминан соати 13:45-дақиқа, дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо духтараш, зани 30-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо ноқили барқии дар дасташ буда, ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Шаҳритус нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ронандаи фирорӣ дастгир карда шуд
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бо тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ронандагони қонуншикан вазнин карда шудааст.
Санаи 18-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 03:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ҷомӣ, маҳаллаи Ҳоҷи Шарифи шаҳри Бохтар қоидаҳои бехатарии харакат дар роҳро дағалона вайрон намуда, пиёдагард Луқмонов Икромиддин, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтарро пахш карда, дидаю дониста, ки ҷабрдида дар вазъияти барои саломатияш хавфнок қарор дорад, ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум ғайб мезанад.
Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ва беэътиноии ронанда пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов бистарӣ карда шудааст.
Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи дар ҳудуди шаҳри Бохтар муайян гардид, ки гумонбари ин ҷиноят ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексӣ», аломати қайди давлатияш 2253 ВС 03 Ҳабибулоев Мансур, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар буда, зимни идораи воситаи нақлиёт аз ӯҳдаи идора намудан набаромада, пиёдагарди мазкурро зада аз пой афтонидааст.
Айни ҳол ронандаи фирорӣ Ҳабибулоев Мансур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Бохтар боздошт гардида, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Офоқ Қодириён
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ