Мунтахаби олимпии Тоҷикистон «Чор миллат»-ро тасхир кард

Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев, ки тирамоҳи соли гузашта ба ин вазифа аз Ӯзбекистон даъват шудаст, бозиҳои мунтахабро дар мусобиқаи байналмилалии футбол ҷамъбаст намуд.
Бозиҳои «Чор миллат» дар пойтахти кишвари Қатар- шаҳри Доҳа аз 15 то 21 январ доир гардид. Мунтахаби 23-солаҳои Тоҷикистон дар ду вохӯрӣ дастаҳои Эрон (2:1) ва Қатарро (1:0) мағлуб карда, бозии сеюмро ба тими Кувайт (0:1) бохт. Дар натиҷа футболбозони тоҷик бо 6 хол зинаи аввалро ишғол карда, ғолиби мусобиқаи «Чор миллат» эътироф гардиданд. Ҷойи дуюмро мунтахаби Эрон бо 6 хол ва мавқеи сеюмро мунтахаби Кувайт бо 3 хол касб карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *