Роскомнадзор бар зидди Фейсбук ва Твиттер санад тартиб дод

Роскомнадзор зидди шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер барои он ки нагуфтанд, маълумоти шахсии русиягиҳоро чи гуна ҳифз мекунанд, санади маъмурӣ тартиб дод.

Ба гуфтаи намояндаи Роскомнадзор, ширкатҳои амрикоӣ ба дархости онҳо «посухҳои расмӣ» додаанд ва дақиқ нагуфтаанд, ки воқеан ҳам қонунгузории Русияро дар ҳоли ҳозир риоя мекунанд ё не.

Дар хадамоти матбуотии Роскомнадзор ба нашрияи «Медуза» тасдиқ карданд, ки зидди ду шабакаи иҷтимоӣ бо банди пешниҳод накардани маълумот санад тартиб хоҳанд дод. Пештар ин ниҳод гуфта буд, ба ҳар касе, ки ба ниҳодҳои давлатӣ дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ иттилоъ намедиҳад, ҷарима таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *