Куштори ваҳшиёна! Толибон як кӯдакро ба қатл расониданд

Дар Таххор рӯзи 28 сентябр як кӯдаки бегуноҳе аз ҷониби  Толибон, бе ҳич як гуноҳе кушта шуд. Чаро ?

Толибон ин кӯдакро ба гумони он ки падараш яке аз аъзои нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон буд, дар вилояти Тахори Афғонистон, ба қатл расониданд.

Қатли ваҳшиёнаи кӯдакон аз ҷониби Толибон бахше аз ҷиноятҳои онҳо нисбат ба мардуми Афғонистон ба ҳисоб рафта, ки сару садоҳои зиёдеро миёни мардум ба амал овардааст.

Маврид ба зикр аст, ки Толибон аз рӯзи аввали ишғол намудани ин кишвари ҷангзада ба мардум ваъда доданд, ки ҳаргиз ба онҳо зарар намерасонанд ва ҳамлаҳои қасосгирӣ нахоҳанд кард, аммо дар Панҷшер-охирин вилояте, ки ба дасти Толибон то ҳол наафтодааст, дар вақти задухурд мардуми онҷо ҳангоми кӯшиши фирор зери тирандозии ин ҳаракати террористӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои шабакаи телевизионии амрикоии ABC аъзои нирӯҳои муқовимат ва ҳукумати собиқ ҳадафи интиқоми онҳо дар саросари кишвар қарор мегиранд.

«Панҷ маротиба онҳо ба оилаи ман ҳамла карданд»,- гуфт як ҷавони сокини Панҷшер ба ABC.

Як сокини дигари маҳаллии Панҷшер ба ин шабака гуфтааст, ки Толибон мардумро бозмедоранд, то аз онҳо дар бораи иттиҳодияҳои худ бо ҷунбиши муқовимат ё ҳукумати пешинаи Афғонистон пурсон шаванд. Ӯ мегӯяд, ки онҳо телефонҳои мобилии моро гирифта тафтиш мекунанд. Агар акси шубҳанок пайдо кунанд, он шахсро шиканча ва пас мекушанд.

Толибон рӯзи душанбе ба сартарошон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд амр доданд, ки риш тарошиданро манъ кунанд ва иддао мекунанд, ки ҳукми онҳо ба шариат мувофиқ аст. Ин амр аз ҷониби ҳукумати Толибон ба сартарошон дар Лашкаргоҳ, маркази вилоят дода шудааст.

Толибон гӯё бар асоси шариати исломӣ, ки дар замони охирин режими худ дар солҳои 1996-2001 татбиқ карда буданд, қонунҳои саркӯбкунандаро дубора ҷорӣ мекунанд. Онҳо инчунин вазорати «Амри маъруф ва наҳйи мункар»-ро дубора барқарор карданд, ки фармондеҳтарин қатлҳои бераҳмона дар замони ҳукмронии охирини Толибон буд. Он бо татбиқи тафсири сахти қонунҳои шариат ва ҷазо додани вайронкунандагон ба таври хилофи қонунҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон маъруф буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *