“Толибон” дипломатҳоро зиёфати шомгоҳӣ доданд

Ҷолиби диққат аст, ки зиёфат бо услуби чорабиниҳои дунявӣ ташкил карда шуда буд: дар боғ мизҳо бо дастархони сафед пӯшонида шуда, барои дастархон аз ороишоти гулдор истифода шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш толибон ба занони афғот ҳатто истифодаи атрро манъ карданд.

Сухангӯи ҳаракати “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар додааст, ки раҳбарияти ҳаракати “Толибон”  омода аст ба ҳар як кишвар барои амалисозии лоиҳаҳои дар кишвар оғозкардаашон тамоми шароитҳоро фароҳам оварад, хабар медиҳад ТАСС.

  • «Далели он, ки шумо ҳатто ҳангоми дигаргуниҳои муҳими сиёсӣ кори худро идома додед, гувоҳи он аст, ки вазъ дар Афғонистон амну босубот буда, масъулияти он бар дӯши ҳукумати нав аст.
  • Мо ба ҳамаи давлатҳое, ки ба мардуми афғон кумакҳои башардӯстона мерасонанд ва нияти ҳамкорӣ бо девони вазирони моро доранд, изҳори миннатдорӣ мекунем», — иқтибос овардааст гуфтаҳои роҳбари нави ВКХ Афғонистон Амир Хон Муттақиро ТАСС.
  • Вай ҳамчунин гуфтааст, ки онҳо омодаанд «барои иҷрои лоиҳаҳое, ки дар қаламрави Афғонистон анҷом наёфтаанд», тамоми шароити заруриро фароҳам оранд.

Дар хабари худ Муҷоҳид суратҳоеро аз зиёфати шомгоҳӣ замима намудааст, ки дар он, аз ҷумла сафири Русия Дмитрий Жирнов, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Покистону Ӯзбекистон Мансур Аҳмад Хон ва Ёдгорхӯҷа Шодмонов ҳузур доштанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони раҳбарияти “Толибон”, аз ҷумла мулло Абдул Ғанӣ Бародар, ки муовини раиси ҳукумати муваққатӣ таъин шуд, иштирок кардаанд.

Ҷолиби диққат аст, ки зиёфат бо услуби чорабиниҳои дунявӣ ташкил карда шуда буд: дар боғ мизҳо бо дастархони сафед пӯшонида шуда, барои дастархон аз ороишоти гулдор истифода шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш толибон ба занони афғот ҳатто истифодаи атрро манъ карданд. Наход Толибон дарк карда бошанд, ки роҳ через ҷиғилдон барои дилдарёбӣ наздиктару осонтар аст?! Э, зиҳӣ ҷиғилдон!!!

Акс аз твиттери сухангӯи толибон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *