Лӯлиён: миллаташонро дар шиноснома лӯлӣ нависед
Пӯшида нест, ки амалу касби лӯлиён фақат дарюзагӣ асту халос. Барои лӯлиён дурӯғ гуфтану фирефтани одамон лаззати хосе дорад ва ин як кори маъмулии онҳо мебошад. Лӯлиён аз қадим заргарию дарюзагӣ мекарданд, Аммо рафта-рафта заргариро қариб ки тарк намуда, дарюзагиро идома медиҳанд.
Лулиёни ватанӣ дар шиносномаҳояшон ҳамчун миллат «тоҷик» муаррифӣ шудаанд, ки ин бисёр кори ғалат аст. Лӯлиёни Афғонистону Ӯзбекистону Қирғизистонро низ бо сифати тамасхур дар шиносномаҳояшон ҳамчун миллати тоҷик сабт намудаанд, ки ҳеҷ як расму оину ҳувияти тоҷикӣ дар қавму қабилаи лӯлиён мушоҳида намешавад, ба ғайр аз гуфторашон, ки ин боиси ифтихори Тоҷикон аст. Онҳо барои даромад шуда, дар дигар давлатҳо, хоса дар Русия, худашонро ҳамчун гурезагони миллати тоҷик муаррифӣ менамоянд, ки ин дар шаъни як миллати куҳанфарҳанг ба манзалаи таҳқир аст.
Ҳамватанамон Рустам Сафаров солҳои 90-ум дар Қазоқистон таҳсил намуда, бо амри сарнавишт дар кишвари Хабаровски Русия бо рутбаи полковникӣ сардори ШКД-и шаҳр мешавад. Замоне ки кормандони милитсия як гурӯҳ ба ном «тоҷикон»-ро дастгир намуда, ба ШКД меоранд, онҳо худашонро тоҷик муаррифӣ менамоянд. Дар давоми суҳбат Рустам Сафаров пай мебарад, ки онҳо лӯлиёни Тоҷикистонианд. Сардори ШКД барои онҳо ҳеҷ гуна ҷазо муқаррар намекунад ва бо сабаби ҳамватан буданашон ба кормандони милитсия амр медихад, ки онҳоро аз он минтақа берун намоянд.
Барои лӯлиён тамоми олам як ватан аст. Органҳои қонунбарори давлатиро месазад расму оини лӯлиёнро биомӯзанд ва дар асоси расму оини онҳо қонуне нисбати ин қабилаҳои кӯчӣ бароранд. Ашхоси мутасаддии оид ба бақайдгирии аҳолии кишварро мебояд бо давлатҳои ҳамсоя гуфтушунидҳои дипломатӣ баранд ва миллат ва ё қабилаҳои лӯлиёнро дар шиносномаҳояшон на тоҷик, балки он гунае, ки ҳастанд, яъне «лӯлӣ» сабт намоянд.
Раҳмат Шералиев,
омӯзгор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ