Тозакунии чашм бо теғ

Дар яке аз сартарошхонаҳои шаҳри Чэнду дар музофоти хитоии Сичуан ба мизоҷон хизматрасонии аҷиб пешниҳод карда мешавад. Усто бо истифода аз теғи ришгирӣ чашми мизоҷонро дар давоми панҷ дақиқа «тоза» мекунад. Мизоҷ дар курсӣ нишаста сарашро ба қафо хам мекунаду, сартарош бо дасташ чашми ӯро кушода бо корди тез милки чашмонашро метарошад. Як ҳаракати ноҷо метавонад мизоҷро аз чашм маҳрум намояд. Сартарош мегӯяд, ки тавассути чунин амалиёт бемориҳои чашмро аз қабили конъюнктивит, гули чашм ва гарди чашм рафъ кардан мумкин аст.

Ҳуҷуми ҷайра ба одам

Як марди бразилиягӣ бо дасташ ҷайраро заданӣ шуда, ҷароҳати вазнин бардоштааст, ҷонвар ба дасти ӯ қариб 400 хор партофта, гурехтааст. Антонио Родригес Моророи 50-сола бо мақсади аз погаҳи дараш рондани ҷонвар бо дасташ ҷайраро мезанаду аз дарди ҷонкоҳ дар худ мепечад. Ӯро бо дасти пур аз хор ба беморхона оварда, танҳо баъди се сӯзандоруи таскинбахш табиб хорҳоро аз дасти мард кашида гирифтааст. Қаблан дар ҳамин кишвар дар сари як бонуи дигар ҷайра 272 хор партофта буд.

Табобати саратон бо садо

Аксари одамон ба хотири харобшавӣ ва табобати дигар бемориҳо парҳез мекунанду бо варзиш машғул мешаванд. Табиби ҳинд Ҷигар Шах аз шаҳри Аҳмадобод муътақид аст, ки на танҳо фарбеҳӣ, балки фишорбаландӣ, руҳафтодагӣ, диққи нафас ва ҳатто бемории саратонро тавассути садо табобат мекунад.  Ба гуфтаи Ҷихар, садопардаи ӯ ултрасадо бароварда, ба пӯсти шахси бемор ворид мегардаду «маҳси басомад » мекунад.  Муҳақиқон ба ин усули табобати Ҷиҳар назари танқид доранд, вале корафтодагон мегӯянд, ки нафарони ба ӯ муроҷиат карда дар ҳақиқат хароб шудаанд.

70 ҳазор доллар кампирро ҷавон кард

Дар синни 54 солагӣ як зани ҳинд бо номи Инди Бакен аз он ки хеле пажмурдаву пир шудааст, азоби руҳӣ мекашид. Рӯзе дар синамо баромади бонуи 60-солаи амрикоиро, ки баъди ҷароҳии пластикӣ мисоли ҷавондухтарон зебо шуда буд, тамошо карда, ӯ низ мехоҳад аз нав зебову ҷавон гардад. Баъди аз сар гузаронидани чанд ҷарроҳӣ ва сарфи 70 ҳазор доллар модари чор фарзанде, ки калонияш 34-солаву боз бибии ҳафт набера аст, мисоли гулдухтарон зебову ботароват гаштааст.

Нохуни 35 сантиметра

Ларра Драммонд аз Ню-Ҷерси то синни 13 солагияш одати бо дандон нохун хоиданро дошту ҳеҷ аз ин феъли бадаш даст кашида наметавонист. Имрӯз ин бонуи 53-сола ба ёд меорад, ки рӯзе дар маркази савдо бонуи нохундарозеро дида, ҳавасаш меояд ва аз ҳамон вақт инҷониб нохунашро қайчӣ назадааст. Хонум Драммонд то ба имрӯз наздики $16 000 маблағи худро барои нигоҳубини нохунҳояш сарф кардааст. Ларра соҳиби ҳашт набера асту мегӯяд, ки нохунҳои 35 сантиметрааш тамоман ба ӯ халал намерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *