“Лаҳзаҳои ногувор” блогерони ботексдорро маҳкум кард

“Лаҳзаҳои ногувор”, ки аз ҷумлаи машҳуртарин гурӯҳи ҳаҷвӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ин навбат дар ютубканали худ саҳнаи ҳаҷвиеро бо номи “Ман шу дорум” нашр кард, ки бозгӯяндаи блогерони ботексдор аст.

Дар нақши блогердухтар Гулбибӣ Абдулхайрова бозӣ кардааст, ки бо ботексҳои сунъиаш тамошобинро бе сухан ҳам механдонад. Сужаи саҳна он аст, ки блогери машҳур дар роҳ даруни мошин гоҳ бо телефон гап мезанаду гоҳ дар пахши мустақим бо обуначиҳояш ва дар ин вақт дигар ронандагон аз паси мошинаш истода, даъво мекунанд, ки роҳро банд кардааст, вале ӯ ба услуби блогерон фикр мекунад, ки ҳамаи онҳо мухлисонаш бошанд.

Ҳамин тавр, ҳунарманди дигари гурӯҳ Насриддин Нуриддин омада, чанд дақиқа кӯшиш мекунад, ки чизеро фаҳмонад, вале блогер ба гапҳои ӯ гӯш надода, фикр мекунад, ки мард ба ӯ гап партофта истодааст.

Дар охир мард мегӯяд, ки чархи мошинат суст шудааст ва бо шунидани ин ҷумла тарзи суханронии блогер дигар шуда, хоҳиш мекунад, ки онро таъмир кунад, вале ронанда ба ӯ кумак намекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *