Латифзода дубора ба ҳизби ҳоким баргашт

 Латифзода Асрор Қурбон баъд аз чор соли фаъолият дар  вазифаи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон аз мақомаш озод карда шуд.

Дар ин бора рӯзи 16 декабри соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои Раиси Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид.

 Дар қарор гуфта мешавад, ки Асрор Латифзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан  аз ин мақом озод карда шудааст.

Дар Анҷумани ҲХДТ, ки 13 декабри соли ҷорӣ дар Кохи Борбад гузашт, бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Абдуҷаббор Азизӣ — муовини якум, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Қаблан Латифзода дар дафтари ҳизби ҳоким фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *