Гулрухсор: Модари миллат наям ман…

Имрӯз зодрӯзи Гулрухсор – яке аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик аст, ки дар солҳои 90-ум “модари миллат”-аш унвон дода буданд. Аммо баъдан худи ӯ навишт: “М одари миллат наям ман, модари танҳоиям”…

Соли гузашта дар арафаи 70-солагиаш Гулрухсор гуфта буд, ки ӯро дар сатҳи давлатӣ солҳост табрик намекунанд:

“Дар сатҳи давлатӣ на табрик карданд, на ба чизе пешниҳод карданд. Ин ҳам хоҳиши худи ман буд. Вақте аз ман пурсиданд, ки чӣ кор кунем, гуфтам, ҳеҷ. Барои чӣ одам вақте як касро дӯст медорад, ватанашро дӯст медорад, як корро барои дилаш мекунад, ҳукумат онро бараду дар стадион табрик кунаду телевизиону холодилник диҳад. Ман ҳамаи ин чизҳоро дар давраи кӯдакиам доштам, ниёз надорам.”

Ҳамчунин, дар яке аз мусоҳибаҳояш ба “Озодӣ” гуфта буд, ки ӯро ба бисёре аз чорабиниҳои ҳукуматӣ даъват намекунанд ва номаш дар рӯйхати меҳмонҳо намеғунҷад:

«Мо дар оянда рӯйхат не, бояд рӯҳхат дошта бошем. Даъват мекунанд ё намекунанд, ба ҳайрат намеорад. Вале дар бисёре аз ҷашнҳо маро даъват накардаанд. Аз ҷумла, дар ҷашни 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон»

Дар зер бахшида ба зодрӯзи Гулрухсор www.pressa.tj чанд андешаро аз мусоҳибаҳои ӯ пешкаши шумо мекунем.

Як мактуби Боқӣ Раҳимзода

Он чи аз навҷавонӣ дар ёдам монда, ин аст, ки ман аз номи устод Боқӣ Раҳимзода нома гирифтам. Дар интернати далатӣ китобдор будам.

Вақте ки он номаро гирифтам, устодам, Худо раҳмат кунад, Хусрав Шоев, ки муаллими забони англисӣ буду шеър менавишт, наздаш даъват кард. Дар он мактуб навишта шуда буд: Ба хонандаи интернат Гулрухсор Сафиева. Устод Боқӣ Раҳимзода шеъри маро аз газетаи «Қарокули советӣ» бо номи «Тоҷикистон» хонда буд, ки онро Абдухалил Сатторов, муҳаррири вақти он рӯзнома бе ягон таҳрир соли 1962 чоп карда буд. Мазмуни мактуб чунин буд, ки мо дар шеъри шумо ҷарақаи истеъдодро мебинем.

Ҳамон мактубро ман то дирӯз ҳифз мекардам. Он шеърро ҳам муаллими ман ба устод Боқӣ Раҳимзода фиристода буд. Аз ҳамон вақт сар шуд.

Вақте ки Душанбе омадаму ба донишгоҳ дохил шудам, муаллимон ба дидани ман омаданд. Аввал ин ки аз ҳама чизи ба ман муҳим номи ман буд. Тасаввур кардан душвор буд, ки чӣ гуна аз як қишлоқи дурдаст як духтараки оддӣ, ки се сол дар Интернат бо 500 писарбача бо рӯи кушоду бо обрӯ хонад ва боз шеър нависад. Боре устод Турсунзода бо Мӯъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Ғаффор Мирзо ба донишгоҳ омаданд.

Устод Турсунзода бисёр ҷиддию басалобат нишаста буданд. Маро гуфтанд, духтарам, чизе бихон. Чун шеъре хондам, пурсиданд, ки Гулрухсор номи худат аст?

Гуфтам: Албатта, номи худам.

Гуфтанд: Тахаллус нест?

Гуфтам: Муаллим, тахаллус чист? Устод гумон карда буданд, ки Гулрухсор тахаллуси ман аст, ҳол он ки он вақт, ҳатто намедонистам, ки тахаллус чист.

Баъд гуфтанд, ки бисёр адибони мо имрӯз тахаллус интихоб кардаанд. Масалан, Шукуҳӣ вазир аст, ҳақ надорад, ки бо номи худаш — Ҳоҷибой шеър нависад. Боз Фарҳат, Баҳорӣ, Деҳотӣ низ аслан номҳояшон дигар аст. Ба устод гуфтам, ки номи маро модарам мондааст, вале ман ин номро бад мебинам.

Устод гуфтанд: Чаро? Гуфтам: Дароз аст. Мехостам Зеб монанд номи маро.

Гуфтанд: Ақаллан Зебо не?

Гуфтам: Не, Зебо ҳам дароз аст.

Бо ҳамин дӯстии мо то охири умр давом ёфт.

Лоиқро модараш шоир кард

Баъзеҳо имрӯз Лоиқро маломат мекунанд, лекин боз мебинем, ки даҳони ҳама пури ному шеъри Лоиқ мешавад, чунки вай касеро фиреб надод, на модарашро ва на миллаташро. Он чи ки дилаш хост, ҳамонро гуфт. Лоиқ барои чӣ якбора Лоиқ шуд? Барои он ки ӯ чун «Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам» гуфт, ҳама модари худашро ба ёд оварда гирён шуд. Ҳама фаҳмид, ки ман модарамро хабар нагирифтам. Лоиқ чашми ҷамъияти моро ба модар боз кард. Лоиқро модараш шоир кард.

Танҳоӣ

Мо баъзан худамонро дар байни миллион кас мезанем, якбора танҳотар мешавем. Вақте бо андешаи ту, бо орзуи ту, бо фикру хаёли ту касе шарик нест, магар ту танҳо нестӣ? Он ҷуфтҳое, ки мо барои худ интихоб мекунем, барои насл офаридан ҳастанд. Одаме, ки дар пирӣ об хӯрда наметавонад, бояд бимирад. Мегӯянд, мо мехоҳем дар пирӣ ҳамгап дошта бошем. Ман дар пириам намехоҳам ҳамгап дошта бошам. Ман мехоҳам бо андешаам, бо хаёлам гап занам. Ман намехоҳам худкушӣ кунаму бигӯям нодуруст зиндагӣ кардам.

Тоқати таҳқир

Ман то ҳадде ки имкон дорам, ҳеҷ касро иҷоза намедиҳам, ки маро дар рӯ ба рӯям таҳқир кунад. Аз Офаридгорам шарм медорам…  

Ҳоло маломатгарони ман баъди масъалаи Роғун ба дигар масъала гузаштанд. Акнун онҳо даъво доранд, ки ман гӯё дар сол-ҳои 90 ба зидди русҳо будаам. Ман гуфтам, ки он вақтҳо ман дар Кремл дафтари кор доштам. Ҳозир ҳам, агар ягон гадои русе бошад, ман нон медиҳам. Ман медонам, ки ин овозаҳоро кӣ паҳн мекунад. Ноҳаққанд! Ман ин таҳқирро барои он тоқат мекунам, ки тамоми миллат ин гуна нест. Инсоният аз ин як-ду нафар иборат нест…

Чаппотӣ дар солҳои гуруснагӣ

Солҳое, ки дар Ватани мо гуруснагӣ ҳукмрон буд, мардум фарзандонашонро мефурӯхтанд. Ҳатто нақл мекунанд, кӯдаке, ки фурӯхта шуд, аз кишвар дур рафтаасту нонро ба даст гирифта хобаш бурдааст. Яъне, ӯ гурусна будааст. Дар ҳамон солҳои гушнагӣ, вақте як нафар ба Маскав рафтанӣ буд, кампираке, ки ман ҳеҷ гоҳ ӯро намешинохтам, дар бозори Шоҳмансур як чаппотиро ба ӯ дода, гуфтааст, ки ҳаминро ба Гулрухсор бар. Ана ҳамин аст ишқ. Оташро бо оташ меафрӯзанд, ишқро бо ишқ.

Қадри шеър

Мегӯянд, қадри шеър паст шудааст. Қадри шеър паст нашудааст ва ҳеҷ гоҳ бо ду хушомадгӯву хушомаднависак қадри шеър паст намешавад. Вақте Тоҷикистонро танқид мекунанд, ман хаёл мекунам Рӯдакиро танқид мекунанд. Мо ҳамин қадар шоирони бузурге дорем, ки ягон нафарашон куҳна нашудааст. Ман мехоҳам бигӯям, ки ҳар як инсоне, ки дар ин хок зиндагӣ мекунаду худро соҳибватан мегирад, бояд бо як кори зебое кӯмак кунад ба ин Ватан.

Дар бораи душманон

Ман аслан душман надорам, барои он ки душман дошта бошӣ, хеле корҳои бад карда бошӣ, касеро кушта хонаи касеро сухта бошӣ. Ман мисли ҳама одамҳои дигар душман не, балки ҳасуд дорам. Вале ҳасуд аз душман бадтар аст. Барои мисол, як руз як одами бисёр бомаърифати солхурда ба дафтарам омада, ҳайф гуфт, ҳайф. Гуфтам чӣ? Гуфт мо фақат ба сару либос ва муйю руи шумо таваҷҷуҳ кардем, вале ягон шеъратонро аниқ нахондему ягонтаашро нафаҳмидем. Вай гуфт, охир ту мегуӣ, ки «Ватанам эй Ватани майдаи мардони калон», вале ин ҳолат ҳоло ба сарат омад дилат аз ин ватан намонд? Ман гуфтам не, ватани ман панҷ нафар одами хоин, ҳасуд ё душман нест. Барои ҳамин ман душман не, ҳасуд дорам, ки ҳама дорад ва он ҳасудон ҳолашон бад аст”

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро

Ҳоло ҳам ғам мехӯрам ва ҳам ғам мехӯрад маро. Медонед, ин ба ягон сохту сохтору замон дахл надорад. Ду чизро ман дарк кардам. Дар сайёра вақту соату рӯзи таваллуд вуҷуд надорад. Акнун чӣ, дигарон нишинанду ҳисобу китоб кунанд, ки Гулрухсор Сафиева чанд сола шуд. Дигар кор надоранд? Инро инсонҳо барои худашон баровардаанд. Дуюм ин ки марг вуҷуд надорад, чун ки инсонро Худо худогуна офаридааст. Инсон мирад, офаридгор барош мемирад.

Офаридгор, ки намиранда ҳаст, инсон ҳам намиранда ҳаст. Дар масъалаи ғам. Ғам ин як навъи худшиносӣ ҳаст. Вақте, ки шумо поятонро дар як чуқурӣ мемонеду пешпо мехӯред, ҳолататон дигар мешавад. Зиндагӣ ҳар лаҳза пешпо хӯрдан аст. “Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро” ин гапи танҳо ман не, гапи ҳама ҳаст. Ватани мо дорулфунуни эҳсос аст. Дар ин ватан бояд мо ҳам хуб бихонем ва ҳам хуб кор кунем. Ғам дигар як ҷузъи зиндагии инсон аст. Ҳама онро дорад. Шодию ғам ба фикрам баробаранд, аммо чун ғам талх аст, бораш вазнин аст, мо бештар онро эҳсос мекунем.

Шодӣ ҳам зиёд аст. Инсони озод аз ҳар чиз метавонад, хурсанд шавад. Дирӯз вақте дар ҳамон гимназия будам, дидам, ки дар ду сол бачаҳо фарқ кардаанд, хурсанд шудам. Ду сол пеш дар ёдбуди зиндаёд Лоиқ он ҷо будам. Бачаҳо аллакай шеърро худашон интихоб мекунанд. Воқеан, Тоҷикистони мо обод мешавад, гул-гул мешукуфад. Танҳо кӯр бошӣ, ки ин чизро набинӣ. Пешравӣ дар як рӯзу ду рӯз намешавад. Ҳар касе метавонад барои ободӣ кор кунад, кор кунад. Ман шоири ишқам, шоири ишқ мемонам. Ҳофизи Шерозӣ вақте фоҷиаи Мансури Ҳалоҷро тасвир мекунад, мегӯяд:

Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.

Дар як ватане, ки чаҳор фасл дораду чаҳор фаслаш одамро дигар мекунад, дар як ватани нозанин, дар як ватани бисёр ва бисёр шоирона набояд ғам ба шодӣ пирӯз шавад. Аслан, дар тобистон дар мо гул мекоранд. Акнун, ман ба фасли гулкорӣ расидам ва чизҳои асосиамро бояд бигӯям.

Агар бори дигар таваллуд мешудам…

Ман, агар як бори дигар таваллуд мешудам, ба ҳар чизи хурду реза аҳамият намедодам. Ҳарчанд ки ин корам нодуруст аст. Ҳамаи дунё аз рег сар мешавад. Ин як. Дуюм ин ки ман вазни шеъри худамро дигар мекардам. Қолаби вазни арӯз ин қадар андешаи моро азият дод.

Андешаи моро кушт. Барои вазн вайрон нашуданаш калимаҳои оддитаринеро, ки аслан лозим нестанд, баччаҳои бечора аз луғат мегиранду истифода мебаранд. Ин корро шоирони Ғарб карданд. Чунки онҳо мисли мо ин қадар қолабҳои шеърӣ надоштанд. Ман шубҳа дорам, ки устод Рӯдакӣ фақат шеъри арӯзӣ гуфта бошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.