Латукӯби омӯзгор дар Кӯҳистони Мастчоҳ. Шарҳи вазорати маориф
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳодисаи латукӯби муаллими мактабро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шарҳ дод. Ин ниҳод сабабро “хусумати шахсии ҷонибҳо” арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки “ба раванди таҳсил дар мактаб иртибот надорад”.
27-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар синфхонаи мактаб марде омӯзгори ҷавони мактаби №22-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро бе асос омада, аз синф кашола карда, ба ҳуҷраи муаллимон бурда, латукӯб кардааст.
Муаллиф навишт, ки телефонашро ҳам ба зӯрӣ шикастааст ва ӯ аз рӯи ин қазия ба ШВКД Кӯҳистони Мастчоҳ шикоят кардааст.
Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори ба мақомоти марбута расидани ин қазия шуда, аз масъулин хоҳиш кард, ки ба қазия расидагӣ кунанд.
Дар ин робита Вазорати маориф ва илм вокуниш нишон дод. Дар вокуниш омадааст, ки ҳодисаи мазкур даҳ рӯзи пеш дар мактаби №22-и деҳаи Худгифи Офтоби ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, нисфирӯзии 18-уми октябр Ағолиқов Ислом ба мактаби зикршуда ворид шуда, бо омӯзгори фанни забони русӣ Ҷумъазода Беҳрӯз, ки ҳамдеҳа ва хешаш мебошад, ҷанҷол мекунад.
“Нофаҳмии мазкур дар заминаи хусумати шахсӣ ба миён омада, ба раванди таълиму тарбия дар муассиса рабт надорад”,- омадааст дар вокуниши Вазорати маориф ва илм.
Манбаъ афзуд, ки омӯзгори ҷавон донишҷӯйи курси сеюми шуъбаи фосилавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва аз 30-юми сентябри соли равон ба кор шуруъ намудааст.
Ба гуфтаи вазорат, омӯзгор аз рӯи таҷриба надоштан “ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти омӯзгории худ рабт дода, бо муболиғаи зиёд онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст”.
“Дар навбати худ, шуъбаи маорифи ноҳия аз кори кардаи омӯзгори ҷавон изҳори нигаронӣ менамояд, чунки номбурда ба дигар масъулини ноҳия, ғайр аз ШВКД, ягон хел муроҷиат накарда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ маводи пурмуболиғаро ирсол намудааст”,- омадааст дар вокуниш.
Таъкид шудааст, ки шахсони дар наворбуда сокинони деҳа мебошанд. Онҳо барои бохабар шудан аз таҳсили фарзандонашон ба муассиса омадаанд ва ба ҳодисаи мазкур рабт надоранд.
Бояд гуф, ки дар як моҳи охир ин дуюмин қазияи латукӯби омӯзгор дар Тоҷикистон аст. Аввали моҳи октябр Файзихон Раҷабова, омӯзгори мактаби №8-и шаҳри Ваҳдат аз ҷониби модари яке аз хонандагони синфи 8 мавриди латукӯб қарор гирифта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ