Латукӯби журналистон, таъқиби профессор, нақзи ҳуқуқи занон
Файзулло Ҷалол, профессори Донишгоҳи Афғонистон, тайи солҳои тӯлонӣ дар мубоҳисаҳои маъруфтарин шабакаҳои телевизионии Афғонистон баромад карда, ҳамчун мунтақиди сарсахти раҳбарони ин кишвар ном баровардааст. Лек баҳси охирини ӯ дар телевизиони “Тулуъ”, ки дар он ҳукумати “Толибон”—ро накӯҳиш кард, нигарониҳоро дар бораи сарнавишти ояндаи худ ба бор овард.
Чун Толибон аз моҳи августи имсол, сари қудрат нишастанд дар Афғонистон, нисбати мухолифонашон амалиётро ба роҳ монда, эътирозгарони осоиштаро пароканда ва хабарнигорону озодандешонро боздошту латукӯб доранд.
Ин бор онҳо ба суханони намакинӣ профессор тоб наоварда ӯро маззамату накуҳиш доранд.
“Гӯсола» Ҷалолро «носолим ва коммунист» номид
20-уми ноябр профессор Ҷалол дар як мубоҳисаи мустақими телевизионӣ дар шабакаи машҳури “Тулуъ” гуруҳи Толибонро ба инҳисор ё монополияи қудрат ва маҳдуд кардани озодии баён муттаҳам кард.
Файзулло Ҷалол, профессори ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул дар ин баҳс гуфт: «Вазъи ҳозираи Кобул дардовар аст. Мардум чизе барои хӯрдан надоранд. Амният чӣ гуна аст? Ҳеч кас чизе гуфта наметавонад.»
Вай Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибонро, ки дар ин баҳс низ ширкат дошт, «гӯсола» номид, ки дар Афғонистон ҳаммаънои «аблаҳ» аст ва таҳқир шумурда мешавад. Ин суханони ӯ баъди он садо дод, ки Наим солим будани Ҷалолро зери суол бурд ва иддао кард, «ӯ коммунист аст».Навори баҳси Файзулло Ҷалол дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд ва бисёре аз афғонҳо ӯро барои шуҷоаташ ситоиш карданд. Дар як намоиши рамзии ҳамраъйӣ, баъзе аз афғонҳо акси ӯро ба ҷойи тасвири худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд.
Профессор бояд муҷозот шавад!
Пайравони Толибон Ҷалол ва телевизиони “Тулуъ”-ро маҳкум карданд. Бархе аз Толибон дар Твиттер навиштаанд, профессор Файзулло Ҷалол бояд барои таҳқир намудани сухангӯи гуруҳ муҷозот шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Толибон, Зокир Ҷалолӣ, дар Твиттер навиштааст: «Ҷалол як шахси муғриз ва бемори равонӣ аст. Мақомот бояд бо Ҷалол ва Тулуъ ҷиддӣ бархурд кунанд.”
Даъватҳо оид ба муҷозот намудани Файзулло Ҷалол сару садоҳоҳоро дар бораи эҳтимоли интиқомситонии Толибон бештар кардааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ сару садое ба гардиш оварданд , ки гуё Ҷалол пас аз ибрози назарҳояш мавриди ҳамла қарор гирифтааст, вале Толибон дар изҳороте ҳамагуна зарар расонданро ба профессор инкор карданд.
Аҳмадуллоҳ Восиқ, сухангӯи Толибон ва муовини вазири иттилоот дар Твиттер навишт: «Овозаҳо дар бораи ҳамла ба устоди Донишгоҳи Кобул Файзулло Ҷалол воқеият надоранд. Профессор Ҷалол дар як тамоси телефонӣ ин иддаоро рад кард.»
«Филмҳое, ки дар онҳо зан набошад нишон дода шаванд!
Вазъи расонаҳои Афғонистон баъд аз онки Толибон дар моҳи августи имсол дар Афғонистон ба қудрат расиданд, ба куллӣ тағйир ёфт.
Ҳоло телевизионҳои давлатӣ эълонҳои Толибон ва мавъизаҳои исломиро пахш мекунанд, дар ҳоле ки шабакаҳои телевизионии хусусӣ бисёре аз намоишҳои тафреҳиро аз байн бурда, бисёре аз сухангӯёни занро бо ҳамкорони мард иваз кардаанд.
Садҳо рӯзноманигори афғон ба далели тарс аз интиқомситонии Толибон ва идомаи буҳрони иқтисодӣ кишварро тарк карда, шуморе аз радиову рӯзномаҳо ва телевизионҳо баста шуданд.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) рӯзи 1-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, Толибон «дар кори расонаҳо ва озодии баён» маҳдудиятҳои густурда ҷорӣ кардаанд.
Моҳи сентябр режими нав барои рӯзноманигорони афғон 11 «қоидаи рӯзноманигорӣ» ҷорӣ кард, ки ба гуфтаи мунтақидон дари сензура ва таъқибро кушодааст. Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар рӯзи 21-уми ноябр барои расонаҳои афғон маҷмӯи нави “дастурҳои мазҳабӣ”-и иборат аз ҳашт бандро нашр кард, ки як зарбаи дигар ба озодии матбуот дар Афғонистон дониста мешавад.
Бино бар ин дастурҳо, аз хабарнигорони зан талаб шудааст, ки ҳиҷоб бипӯшанд ва аз масъулони шабакаҳо тақозо шудааст, филмҳоро бо иштироки занони ҳунарпеша нишон надиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ