Сӯхтор дар корхонаи “Музаффар КО”-и Мастчоҳ

Корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ нимашаби имрӯз, 25-уми ноябр, тақрибан соати 02:30 дақиқа оташ гирифта, бо гузашти шаш соат ҳанӯз алангаи сӯхтор хомӯш нашудааст. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манобеаш хабар дод.

Вобаста ба сӯхтори мазкур Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд аз корхонаи пахта  ҶДММ “Музаффар КО” ном бурда, гуфтааст, ки “алангаи оташсӯзӣ хело калон аст”. Манбаъ афзуд, бо расидани хабари фаврӣ ҳудуди 20 нақлиёти оташнишониро ба ҷойи ҳодиса сафарбар карданд.

 “Сӯхтор хело доман паҳн кардааст ва аз соати 3:00 субҳи имрӯз то соати 08:30 бо гузашти тахмин шаш соат ҳоло ҳам алангаи оташ хомӯш карда нашудааст. Ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест, вале тахмин меравад сӯхтор ҳудуди 400 метри мураббаи корхонаро фаро гирифта ва домони оташсӯзӣ дар ҳоли зиёдшавист. Дар ин корхона ба миқдори хело зиёд маҳсулоти тайёри пахта мавҷуд буд”,-гуфтааст манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд.

Аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ оташсӯзӣ дар ҶДММ “Музаффар КО”-ро тасдиқ карданд ва гуфтанд ин корхонаи коркарди пахта ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *