Лавров дар Душанбе. Аз мушкилоти муҳоҷирон то даъват ба ИИАО

Ҳафтаи равон дар пасманзари рейдҳои пайдарҳам ва боздошти садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки коршиносон онро “муҳоҷиршикор” унвон кардаанд, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон омад…

Эмомалӣ Раҳмону Лавров чӣ гуфтанд?

Дар доираи ин сафар, ки рӯзҳои 5 ва 6-уми июн сурат гирифт, Сергей Лавров бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин, афсарони пойгоҳи низомии 201 ва донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон вохӯрд.

Мушаххасоти суҳбати Лавров бо Эмомалӣ Раҳмон нашр нашудааст. “Ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд”,- умумӣ навиштааст дафтари матбуоти Президенти кишвар.

Хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯриҳо масоили таъмини амният дар минтақа ва таҳдиду чолишҳо аз Афғонистон, фаъолнокии низомӣ-биологии ИМА дар паҳнои ИДМ, инчунин ҳалли мушкили марз байни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудаанд.

Умедвории муҳоҷирон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия масъалаи муҳоҷирони тоҷикро дар миён гузоштааст. Тайи як моҳи охир тафтишу боздошт, ҷарима ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст.

Сироҷиддини Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, ки бахши асосии мулоқоти ӯ бо Сергей Лавров вобаста ба муҳоҷирон буд. Вай афзуд, ки аз ҷониби Русия хостаанд, то дар ҷараёни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бо муҳоҷирон тибқи қонун бархӯрд шуда, ҳуқуқу озодиҳои бунёдии онҳо поймол нагардад.

Лавров дар посух ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистонро дар мавриди афви муҳоҷирони корӣ иҷро мекунад.

«Мо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ суҳбат кардем. Мо ин масъалаҳоро дар чаҳорчӯби хати муқарраркардаи президентҳо мунтазам баррасӣ мекунем. Мо қариб ҳамеша дархостҳо дар бораи ба истилоҳ афвро қонеъ мекунем»,- гуфт дипломат.

Вазири корҳои хориҷии Русия ёдовар шуд, ки қаблан 120 ҳазор муҳоҷирини корӣ сарфи назар аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ афв шуда буданд.

Даъвати Тоҷикистон ба ИИАО

Зоҳиран яке аз мақсадҳои асосии сафари Лавров ба Тоҷикистон даъвати кишвари мо барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буд. Сергей Лавров зимни боздид аз пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки Маскав умедвор аст, ки Душанбе ба зудӣ манфиатҳои пайвастанро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) барои худаш муайян хоҳад кард. Матни суханронии ӯ дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.

“Мо умедворем, ки мизбонони тоҷики шумо, ки аз ин қаламрави меҳмоннавоз намояндагӣ мекунанд, ба наздикӣ дар ниҳояти кор манфиатҳои пайвастан ба ИИАО-ро барои худ муайян мекунанд”,- иброз доштааст ӯ зимни муроҷиат ба хидматчиёни ҳарбӣ.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Анвар Абдусамадов мегӯяд, ки Русия мехоҳад ба ҳар васила кишварҳои Осиёи Марказиро зери қаноти худ нигоҳ дорад.

Вале Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) роҳи ҳалли мушкили муҳоҷирон нест.

“Ман шахсан то ҳол роҳи ҳалли мушкилотро намебинам — ҳуҷҷатҳои аксари муҳоҷирони боздоштшуда ва маҷруҳшуда дуруст буданд, аммо ин барои мансабдорону пулиси Русия ҳеҷ аҳамияте надошт”,- иброз медорад сиёсатшинос.

Русия ба Тоҷикистон ниёз дорад

Аксари таҳлилгарон бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷикро талоши дигарбораи Русия барои ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил кардани Тоҷикистон медонанд.

Брюс Панниер, таҳлилгари масъалаҳои Осиёи Марказӣ ба “Озодӣ” гуфтааст: “Возеҳ аст, ки ҳоло Русия ба муттаҳидон эҳтиёҷ дорад. Норозигӣ аз ҷанги Русия дар Украина зиёд аст ва Маскав рафиқонаш дар ҷомеаи байнулмилалӣ ва дар ҳама ҷойро аз даст медиҳад. Русия умедвор аст, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад. Русия ҳоло ба Тоҷикистон ба ҳайси як шарик эҳтиёҷ дорад”.

Ин коршинос бар он ақида аст, ки Русия намехоҳад қудраташро дар Осиёи Миёна аз даст диҳад. Зеро “имрӯз Чин мавқеи Русияро дар Осиёи Миёна танг карда, мавқеи хешро мустаҳкам мекунад”.

Ишораҳои Лавров

Ба ҳар васила дар суҳбатҳои Лавров ишораҳое буд, ки ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳон равона шуда буданд. Барои мисол ӯ ваъда дод, ки Русия тақвияти артиши Тоҷикистонро идома медиҳад, ба нерӯманд шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки муносибати бисёрасраи тоҷикону русҳо ва бисёрсолаи Русияву Тоҷикистонро чизе ё касе рахна карда наметавонад…

Вале ин сафари Лавров мушкили муҳоҷиронро ҳал мекунад ё не, инро вақт нишон хоҳад дод.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *