Мактаби Бохтар номи сарбози қурбониро гирифт

Аслан Миниқулов, сарҳадбони тоҷик, ки ҳангоми ҳифзи марзи Ватан 14-уми сентябри соли 2022, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қаҳрамонона ҷон бохт, бо “Ордени Шараф дараҷаи 2” қадрдонӣ карда шуд.

Генерал-майор Тӯрабек Назарзода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, зимни ҷаласаи тантанавӣ, ки дар мактаби №8-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, орденро ба модари Аслан Миниқулов тақдим намуд.

Тӯрабек Назарзода ҳангоми тақдими орден аз ҳамаи онҳое, ки барои ҳифзи Ватан ҷон бохтаанд, ёд карда, ба волидони онҳо барои тарбияи чунин фарзандони шуҷоъ миннатдорӣ кард.

Мактаби №8-и шаҳри Бохтар, ки Аслан Миниқулов онро хатм кардааст, ба номи ӯ гузошта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *