Дар Хуҷанд корхонаи коғазбарорӣ месозанд

— Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси муассисони ҶДММ «Папириус» сохтмони корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ идома дорад,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар ояндаи наздик ҶДММ «Папириус» дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ як коргоҳи бузурги коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба кор медарорад, ки он комилан воридотивазкунанда буда, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба ин навъи маҳсулотро пурра қонеъ мегардонад.

Хабар дода мешавад, ки бо пурра ба кор даромадани корхона ва васеъ шудани истеҳсолот даҳҳо нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд. Дар баробари ин корхона марказҳои савдоро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намуда, барои бо нархи нисбатан арзон таъмин намудани аҳолӣ бо ин молҳо саҳм мегузорад.

Ба гуфтаи масъулини ширкат, дар ояндаи наздик баъди ба истифода додани корхона дар он истеҳсоли дигар лавозимоти таълимӣ, аз ҷумла дафтарҳо ба роҳ монда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *