Рустам Шоазимов филми “Тоҷикон”-ро ба навор мегирад

— Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба таҳия ва наворбардории филми мустанади «Тоҷикон» оғоз кардааст,- хабар медиҳад худи ҳамин муассиса.

Тибқи хабар, коргардони тоҷик Рустам Шоазимов дар бораи таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик филме ба навор мегирад, ки дар он саҳми миллати тоҷик дар ташаккул, рушд ва густариши тамаддуни ҷаҳонӣ бо рақаму далелҳо инъикос хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир наворбардорӣ, монтаж, садогузорӣ ва мусиқӣ барои филм идома дорад. Филм ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба навор гирифта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *