Лавров Толибонро ба Маскав даъват кард, онҳо рад накарданд

Русия мегӯяд, Толибон пазируфтаанд, ки дар нишасти рӯзи чаҳоруми сентябр, ки дар Маскав баргузор мешавад, иштирок намоянд.

Маскав ин матлабро дар ҳоле эълон мекунад, ки Толибон ҳамлаҳояшонро дар Афғонистон бештар кардаанд.Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи якшанбеи 21-уми август зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Сочӣ гуфт, Маскав Толибонро ба нишасти Маскав даъват кард ва умедвор аст, ки музокирот ба натиҷаҳои хубе даст ёбад.Ба гуфтаи ӯ,  аксуламали нахустини Толибон мусбат буда ва онҳо ба назар ҳастанд, ки дар ин гуфтугӯ ширкат кунанд. Лавров гуфтааст, ки «Толибон бахше аз ҷомеаи афғонӣ ҳастанд.»Лавров  гуфтааст, ки дар гуфтугӯҳои Маскав бар иловаи Толибон, намояндагони Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон низ иштирок мекунанд. Мақомҳои русӣ мегӯянд, ҳадафи гуфтугӯҳо ин аст, ки дар раванди оштии миллӣ дар Афғонистон пешрафт ба миён ояд ва ҳарчӣ зудтар дар ин кишвар сулҳ таъмин шавад.Ба гуфтаи вазорати корҳои хориҷии Русия, ба иловаи Амрико, намояндагони бархе аз кишварҳои дигар ҳам барои ширкат дар ин нишаст даъват шудаанд. Толибон то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардаанд. Аммо ҳукумати Афғонистон, ки як тарафи қазия ба шумор меравад, ба гуфтугӯҳои сулҳ ба раҳбарии афғонҳо таъкид намуда ва мегӯяд, то ба ҳол барои ширкат дар нишасти Маскав даъвати расмӣ дарёфт накардаанд. Онҳо мегуянд, ки  пас аз дарёфти расмии даъват дар мавриди нишасти Маскав, тасмими худро эълон хоҳад кард.Аз сӯи дигар вазири корҳои хориҷии Русия изҳороти мақомҳои афғонро рад кард, ки гӯё Русия Толибонро дар мубориза алайҳи гурӯҳи «Давлати исломӣ», кӯмак мекунад. Сергей Лавров робитаи Русия бо Толибонро возеҳ хонд ва гуфт, «мо тамосҳои худро бо Толибон пинҳон накардаем. Онҳо бахше аз ҷомеаи афғонӣ ҳастанд. Мо бо онҳо дар тамос ҳастем ва ҳадафи ин тамосҳои мо, таъмини амнияти шаҳрвандон ва муассисаҳои русӣ дар Афғонистон мебошад. Мо ҳамчунин Толибонро ташвиқ мекунем, ки аслиҳаашонро ба замин бигузоранд ва бо ҳукумати Афғонистон пушти мизи музокират биншинанд.»

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии «Интерфакс» навишт, ки Вашингтон дар ин гуфтугӯҳо иштирок намекунад. Гурӯҳи Толибон дар баробари ҳамлаҳои низомӣ, ҳамакнун тамосҳои дипломатии худро густариш додаанд. Онҳо дар ин авохир ба Узбекистон ва Индонезия намоянда фиристода ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар оғози моҳи ҷорӣ дар Қатар бо дипломатҳои баландпояи амрикоӣ гуфтугӯ кардаанд. Баъди хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, дар соли 2015, низои дохилӣ дар ин кишвар авҷ гирифт. Ҷангиёни тундрави Толибон пайваста ба низомиёни афғон ва амрикоӣ ҳамла мекунанд. Пентагон борҳо гуфтааст, ки Русия бо баҳонаи мубориза алайҳи гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» ба Толибон кӯмак мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *