“Лайк” монӣ, ҷазоятро мегирӣ…
Президенти Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноятиро имзо кардааст, ки бар асоси он барои “даъват ба терроризм” дар Интернет ва ё тарафдорӣ аз фаъолияти террористиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазои сахт муқаррар шудааст.
Дафтари матбуоти Президент рӯзи 4-уми август бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд санади дигар тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноятиро имзо кард, ки дар он “барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ