Броколли, спаржа, испаноқ ва…

Лоиҳаи «Озуқаворӣ барои оянда» парвариши зироатҳои навро ба деҳқонони Хатлон меомӯзонад

«Ҳар касе, ки тавонад дар ҷое, ки як хӯша меруид, ду хуша рӯёнад, дар ҷое ки як  рустанӣ месабзид, ду рустанӣ сабзонад сазовори эҳтироми тамоми аҳли башар аст…»

(К.Е. Тимирязев, олими рус)

Бузурге мефармояд, ки ягона касбе, ки дар тамоми форматсияҳои ҷамъиятӣ мавчуд асту ивазношуданист, кишоварзӣ аст. Чунки инсоният дар тамоми таърихи мавҷудияташ ба ғизо эҳтиёҷу ниёз дошт, дорад ва хоҳад дошт. Тоҷикистон кишвари саросар кӯҳистон ас ва замини кишоварзӣ ҳамагӣ ҳафт дарсади масоҳати умумии кишварро дарбар мегирад, гарчанде шуғли асосии аксарияти мардуми он зироатпарварист.

Чандест, ки оиди дастовардҳою  мушкилоти ин соҳа дар матбуоти даврӣ ва садову симо мешунидам ва пас аз суҳбат бо яке аз кишоварзони варзида Сабоҳатулло Музаффаров, ки дар доираи яке аз лоиҳаҳои кишоварзии Оҷонсии Амрико оиди рушди байналмилалӣ ба парваришу паҳн намудани зироатҳои барои минтақа нав, технологияҳои ҷадид дар соҳаи парвариши зироат, гирифтани чанд ҳосил аз як майдон, пайвастани илму истеҳсолот машғул аст,  шавқам оиди ин мавзуъ боло шуду роҳ сӯйи маркази вилояти Хатлон шаҳри бостонии Бохтар пеш гирифтам…

Караме, ки мутахассиони лоиҳа дар вилояти Хатлон парвариш мекунанд…

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барномаи панҷсола аст, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Намояндагии ташкилоти Chemonics International Inc. дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад.

Ҳадафи Лоиҳа — расонидани кӯмак ба деҳқонон дар минтақаи таҳти нуфузи Лоиҳа дар ҷанубу ғарби вилояти Хатлон барои рушд додан, гуногун сохтан ва боло бурдани арзиши маҳсулоти кишоварзии онҳо, аз он ҷумла маҳсулоти ширӣ, бо мақсади ҳалли масъалаи камбуди ғизо ва барзиёд будани маҳсулот дар бозор мебошад.

Лоиҳа технологияҳо ва таҷрибаҳои замонавиро барои дастгирии рушд ва инкишофи устувори соҳаҳои кишоварзӣ, парвариши сабзавот, меваҷот, маҳсулоти ширӣ ва бахши обёрӣ дар ҳудуди минтақаи таҳти нуфузи лоиҳа ҷорӣ менамояд ва рушд медиҳад.

 

Броколли зироати барои кишвари мо нав аст, аммо аллакай дастурхони мардумро зеб медихад…

     Инчунин Лоиҳа  барои дастрасии деҳқонон ба инфрасохтор ва мошинолоти  кишоварзӣ кумак мерасонад. То имруз бо дастгирии Лоиҳа зиёда аз 20 зерлоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ гашта, шумораи зиёди деҳқонон бо мошинолотҳои хурди кишоварзӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Барои мисол лоиҳа барои гирифтани 30 трактор бо дорупошак деҳқононро дастгирӣ намудааст.

    Лоиҳа дар ҳамкории зич бо ҳукуматҳои маҳаллии минтақаи таҳти нуфуз амалӣ мегардад.

Пас аз сайри майдонҳову қитъаҳои намоишӣ, вохӯрӣ бо деҳқонону мутахассисони соҳа, навигариҳову дастовардҳои барномаро дида ба чанд хулосае омадам.

 Дар доираи барнома дар навбати аввал диққати маро ворид намудан ва паҳн намудани зироатҳои барои минтақа ва Тоҷикистон нав, ба монанди карами пекинӣ, карами брюселлӣ, брокколи, спаржа, испаноқ, бумиё чалб намуданд.

Ҳангоме ки аз мутахассисон оиди манфиатнокии ин зироатҳо пурсон шудам маълум гашт, ки барои мисол брокколи яке аз сабзавотҳои дар Аврупову Амрико асосӣ аст.

Брокколи ба гулкарам монанд буда, авлоди наздики вай мебошад. Мисли гулкарам дар хӯрок фақат чамбаргули вай истифода мегардад, вале на баргҳо мисли каллакарам. Бартарии асосии карами брокколи аз гулкарам он аст, ки он як чанд чамбаргули хурданибоб ба вуҷуд меорад.

Хусусиятҳои табобатии карами брокколи ин ғизои парҳезӣ будан, хусусиятҳои зиддиракии вай, хусусияти ба танзимдароварандаи хун ва ғайраҳо мебошад. Инчунин, брокколи барои шахсони ба касалии дил ва касалии қанд гирифтор фоидаи калон дорад.

Мутахассисони лоиҳа таҷрибаи худро ба деҳқонони тоҷик меомӯзанд…

Мегуянд, ки брокколиро ҳатто деҳқони «танбал» ҳам парвариш карда метавонад. Қоидаҳои парваришаш хело ҳам содда мебошад. Мӯҳлати пухтарасиаш ҳамагӣ 50-60 рӯзро ташкил медиҳад ва ин имконият медиҳад, ки дар давоми сол 4-5 маротиба аз як майдон ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Аз лиҳози иқтисодӣ бошад, пас аз бозгашт ба Душанбе аз Фурӯшгоҳи «Ашан» дидан кардам ва нархи фуруши 1 кг брокколи дар онҷо 18 сомониро ташкил медод, дар холе, ки 1 кг каллакарами сафеди маҳаллӣ бо нархи ҳамагӣ 1 сомонӣ дар фурӯш буд. Оё ин як манбаи хубе барои деҳқон, барои ба даст овардани даромади хуб аз китъаи замин нест?

Сабоҳатулло Музаффаров, яке аз роҳбарони лоиҳа ба деҳқонон дарс мегузарад…

 Инчунин аз брокколи зиёда аз 300 навъи ғизо таҳия карда мешавад, ки ҳам аз чиҳати лаззат ва ҳам аз ҷиҳати манфиати ғизоӣ хеле ва хеле хуб аст. Ман гумон мекунам, ки дар ҳолати афзун гаштани майдони кишти ин зироат нархи он низ ба аксари мардум дастрас мегардад ва онон бо ғизои солими манфиатбахш таъмин мегарданду марди деҳқон соҳиби даромади хуб мешавад.

Ин таҳлил ба зироатҳои дигари барои минтақа нав аз қабили спаржа, ки барои хуришҳо аз беруни кишвар ворид месозанд, ё худ испаноқ (исфаноч), ки мардуми мо онро танҳо дар фасли баҳор намуди худруяшро истеъмол мекунанд, хос аст.

Барои мисол мӯҳлати пухтарасии испаноқ ҳамагӣ 25-30 рӯзро ташкил медиҳад ва аз як қитъа то 8-10 маротиба гирифтани ҳосили он имконпазир аст. Ҳол онки ҳамагӣ 2 бехи он дар бозор бо нархи 1 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ва аз он низ 10 намуди хуришу ғизои барои солимии мардум манфиатбахш омода намудан мумкин аст. Бо мисол овардани ин 2 зироат ман имкониятҳои соҳаи кишоварзии деҳқонони кишварро дар назар дорам, ки хеле фарохтар аз он аст, ки мо фикр мекунем.

       Барои мисол дар доираи лоиха мутахассисон 39 навъҳои нави  серҳосилу бозоргири меваҷотро аз қабили себ, бодом, шафтолу, зардолу, нектарин аз штати Калифорнияи ИМА ворид сохта, дар 12 ноҳия ниҳолистони онҳоро бо мақсади паҳн намудан ташкил намудаанд. Ба ворид намудану паҳн намудани ин навъҳо, инчунин, олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, бахшҳои навъсанҷиву карантини вазорати кишоварзӣ, мутахассисони маҳаллӣ низ ҷалб гаштаанд

Сафири Амрико дар Тоҷикистон аз дастовардҳои лоиҳа дидан мекунад

 Мутахассисони лоиҳа ба деҳқонон ва занони деҳот оиди мавзӯъҳои мубрами кишоварзӣ, аз қабили мубориза бар муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ғизодиҳӣ, хушконидани меваю сабзавот, коркарди шир, зироатҳои нав, технологияҳои нави парвариши зироатҳо омузишҳо мегузаронанд ва хушбахтона дар бисёр ҳолатҳо ин омузишхо натичахои хуб меоваранд. Хангоме, ки ба ман нақл карданд, ки соли гузашта як зан аз ноҳияи Вахш аз ҳисоби ҳосили дарахтони зардолуи замини наздиҳавлигии худ ва ҳамсояҳо 2 тонна меваи хушки хушсифат истеҳсол намуда, як клограми онро ба нархи 30 сомонӣ фурӯхта, қариб 60 000 сомонӣ даромади иловагӣ ба даст овардааст, ман ба хулосае омадам,ки манбаи даромад танҳо дар мухоҷирати мехнатӣ несту имконияти кору зиндагӣ дар Тоҷикистони азиз хеле ва хеле зиёд аст.

Хангоми суҳбат  Сабоҳатулло Музаффаров як нуктаро зикр намуд, ки кишоварзӣ низ илм аст, илми хеле кӯҳан ва хеле фарох. Чун ҳама илмҳо кишоварзӣ низ 5 қонун дорад ва аксари ин қонунҳо аз омилхои табии (рушноӣ, ҳарорат, об, ғизо) вобастаанд. Дар кишвари мо  Худованд ҳамаи ин омилҳоро арзонӣ доштааст. Барои мисол дар Тоҷикистон зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дар давоми сол мавҷуд аст. Ҳол онки дар бисёр манотиқи олам, ки кишоварзӣ ба дараҷаи аъло рушд ёфтааст мардумонаш хафтаҳову моҳҳоо  осмонашон  абрпуш асту офтобро намебинанд. Танхо бо истифода аз технологияҳои ҷадид, навъҳои нави хушсифати серҳосил ва ба бозор мутобиқ, пайванди илму истеҳсолот чунин кишварҳо ба монанди Ҳоланд, Исроил, кишвархои Аврупоӣ ба дараҷаи баланди рушди кишоварзӣ расидаанд ва кишоварзӣ як қисми даромадовари иқтисодиёташон мебошад.

Бо ташкилу гузаронидани омузишҳо, қитъаҳои намоишӣ, рӯзҳои кушоди саҳрои кормандони лоиҳа таҷрибаи пешқадаму технологияҳои ҷадидро дар байни деҳқонон паҳн мекунанд, ки ин  рӯз то рӯз ба истифодаи зироатҳои наву навъҳои беҳтар, технологияҳои наву исфтифодабарии хубтари замин мусоидат мекунад.

 Одили Нозир

Барои озмуни «Замини зархез»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *