Ле Пен: Макрон фаронсавиҳоро аз буҳрони Украина метарсонад

Рӯзномаи Le Figaro бо истинод ба Марин Ле Пен, номзади Ралли Миллӣ менависад, Эммануэл Макрон аз буҳрони Украина истифода мекунад, то фаронсавиҳоро дар остонаи интихобот битарсонад. «Сарвари ҷумҳурӣ аз амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина барои тарсонидани шаҳрвандон истифода мекунад, зеро умедвор аст, ки тарс метавонад дар сабқати интихоботӣ ба ӯ кумак кунад»,- гуфт ӯ.

Ле Пен таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар нишасти ғайрирасмии раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Макрон «интизорҳои ноумедона» аз музокироти Русияву Украинаро изҳор кард, вале баъдан ба хабарнигорон гуфт, ки хушбин аст. Ҳамин тариқ, ба эътиқоди вай, Макрон кӯшиш мекунад, ки афкори ҷомеаро таҳрик диҳад, ки худи Ле Пен онро ғайри қобили қабул медонад.

Илова бар ин, номзад ба мақоми президентӣ мухолифи ҷанг бо Русия буд ва таъкид кард, ки «ҳеҷ кишвари ҷаҳон инро намехоҳад».

Дар посух Ғарб таҳримҳои нави зидди Русия эълон кард. Якчанд бонкҳои бузург, аз ҷумла Сбербанк ва ВТБ зери онҳо қарор гирифтанд. Барои бисёре аз ширкатҳои давлатӣ ҷалби сармояи хориҷӣ мушкил аст. Барои интиқоли маҳсулоти технологӣ ба Русия таҳримҳо ҷорӣ шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Канада ва дигар кишварҳо осмонро барои ҳавопаймоҳои Русия бастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *